Бозии “Истиқлол” бо “Ал-Ваҳда”-ро ҷопониҳо доварӣ мекунанд

Бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Ваҳда”-и Сурияро ҳакамон аз Ҷопон доварӣ мекунанд.

Доварони бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Ваҳда”-и Сурия, ки шаби сешанбеи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, аз Ҷопон мебошанд.

Довари ФИФА Иида Юмпейи 34-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Вай, ки аз соли 2011 довари ФИФА мебошад, 57 бозии байналмилалиро ҳакамӣ кардааст. Ӯ соли 2012 дар сабқати ниҳоии Ҷоми президенти AFC дар Душанбе сардовари бозии байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Дордой”-и Қирғизистон (2:0) буд.

Отсука Ҳаруҳиро ва Шинҷи Оши, ҳамватанони Иида Юмпей, ки ҳарду 40-солаанд, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Илгиз Танташеви узбакистонӣ вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Юсуф Мирзо Рустум аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ба ҷуз бозии “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо “Ал-Ваҳда”-и Сурия, дар бозиҳои дигари ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 26-27 май дастаҳои «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия), «Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт), «Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг), «Ал-Шорта» (Ироқ) – «Кувайт» (Кувайт) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар) бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳо танҳо як бозӣ анҷом медиҳанд.

1/8 финал

26 май (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

«Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия)

«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

27 май (чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун)

«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

«Ал-Шорта» (Ироқ) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Айявадӣ» (Мянмар)