Искандаров: "Тасарруфи 80%-и Бадахшон ба ҳақиқат рост намеояд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси масоили Афғонистон, мегӯяд, ки хабарҳо дар мавриди зери тасарруфи гурӯҳҳои террористӣ гузаштани ҳаштод дарсад аз вилояти Бадахшони ин кишвар ба ҳақиқат рост намеояд. Аммо ӯ гуфт, як қисми ин гурӯҳҳо дар Бадахшон ва Кундузу Тахор ҳузур доранд.