Чаро аз номи писари раисиҷумҳур истифода карданд?

Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки худро писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, даст ба қаллобӣ задааст

​Таҳқиқи парвандаи "писар"-и президент ҳанӯз ба поён нарасида, мақомоти умури дохилӣ аз боздошти Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола хабар дод, ки худро ҷияни Шукурҷон Зуҳуров муаррифӣ кардааст.

Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ҳанӯз таҳқиқи парвандаи Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанберо ба поён набурдааст, ки худро Сомони Эмомалӣ -- писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, даст ба қаллобӣ задааст. Тоҳир Нуров, як маъсули Оҷонсӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ мушаххас хоҳад кард, ки дар баробари Қурбонов чӣ ҷазо татбиқ мегардад.

Қабл аз ин торнамои Faraj.tj бо такя ба манобеи худ дар Оҷонсии зиддифасод навишта буд, Хушдил Қурбонов ҳамаи иттиҳомро ба гардан гирифтааст ва эҳтимол баъд аз пушаймонияш мавриди авф қарор бигирад. Мақомот мегӯянд, Хушдил Қурбонов худро писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, соли 2014 ҳамроҳ бо хешовандаш - Ҷӯрахон Холов боварии шаҳрванд Маҳамадризо Раҷабовро ба даст оварда, бо ваъдаи ҷудо кардани 0,30 гектар замин аз ҳудуди ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯ 50 000 доллар гирифтааст.

"Ҷиян"-и Шукурҷон Зуҳуров

Аммо қазияи ин “писари қалбакӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ба поён нарасида, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола хабар дод, ки худро дар як вақт ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва ёвари Азими Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон муаррифӣ карда, ҳатто тавонистааст ба бибии пираш дар остонаи таҷлил аз Иди Ғалаба аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ 500 сомонӣ кумакпулӣ рӯёнад.

Худи Умедҷон дар гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ суҳбат карда, аз ҷумла гуфт, "бо роҳбари ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ тамос гирифтам. Телефони мобилиро бардоштанд, баъд аз салом гуфтам, монда набошед. Гуфтанд, ташаккур. Худамро ҳамчун ёрдамчии Азим Иброҳим, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ намудам. Гуфтанд, марҳамат, чӣ пешниҳод, чӣ хизмат? Гуфтам сокини ноҳияи Фирдавсӣ Муҳиддинова Фотима соли таваллудаш 1935 аст. Дар ҷашни Ғалаба ӯро кумаку дастгирӣ кунед. Онҳо дархостро қабул карда гуфтанд, ки ҳатман меёбем ва кумак мекунем."

Ин ҷавон мегӯяд, ба мақомоти Фирдавсӣ ному насаби бибияш ва рақами телефонҳоро дода, баъд аз чанде 500 сомонӣ аз номи соҳибкорони ин ноҳия кумакпулӣ дарёфт кардаанд. "Баъдан боз ба ман занг заданду гуфтанд, дархости Шуморо иҷро кардем,"-афзуд ӯ.

Аввал фиреби писари қалбакии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳоло ҷияни тақаллубии Шукурҷон Зуҳуров аксариятро дар ҳайрат гузоштааст, ки онҳо чигуна бо як занги телефонӣ тавонистаанд чандин курсинишинонро ба ташвиш биёранд? Ё воқеан мансабдорони мо то ин ҳад соддаву зудбоваранд, ё тарсашон аз мақомоти болоӣ то ҳаддест, ки омодаанд ба ҳар занге аз номи онҳо бидуни ягон тафтишу санҷиш посухи мусбат диҳанд? Ҳатто ба занги писаронашон?

Мансабдорони тарсу?

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, чунин корро наврасон зоҳиран аз ҳамсолони худ "омӯхтаанд", ки фарзанди ин ё он мансабдор буда, шояд тариқи зангҳои телефонӣ чанд корашонро буд кардаанд. Абдумалик Қодиров, коршиноси умури иҷтимоӣ, мегӯяд, чунин ҳодисаҳо бештар аз тарсу будани мансабдорон дарак медиҳад, ки барои аз даст надодани курсияшон розиянд, кори ҳама хешутабори мақомдорони сатҳи болоро иҷро кунанд, чи воқеӣ бошад, чи қалбакӣ. Ҷаноби Қодиров афзуд, сокинони хурдсол ҳам ин вазъро хуб аз худ карда, аз ин тариқ хостаанд ҷайбашонро серпул кунанд ва ё мушкилашонро ҳал намоянд.

Ҷасур Абдуллоев, сардабири нашрияи "Самак" низ мегӯяд, "вақте мансабдорон ба таври интихобӣ намеоянд ва аз котибаи як мансабдори аз худ болотар ҳарос доранд, албатта, онҳоро аз номи ҳар нафар фиреб мекунанд. Инро бошад, ҳама медонад, аз ҷумла онҳое, ки фиреб кардаанд."

Сардабири "Самак" дар идома гуфт, муҳимтар аз ҳама ин ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки тамоси як хеши мақомдори сатҳи боло аз қонуну қарор ҳатто болотар меистад, вагарна ба гуфтаи ӯ кӣ ҷуръат мекард бо истифода аз номи писари президент ва ё раиси Маҷлиси намояндагон даст ба тақаллуб бизанад? "Ҳама медонад, ки занги хеш ё наздикони мансабдорони воломақом болотар аз қонун ва иҷрои он амри воҷиб барои мансабдорони поёнист. Аз ин сабаб, истифода мекунанд, тавре он ду наврас кардааст,"-таъкид дошт Ҷасур Абдуллоев.

"Аз беназоратист, на..."

Баъзан дар роҳҳои Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад, ки ронандаҳо баъди ба дасти нозирон афтоданашон кӯшиш мекунанд ба “одам”-и худ занг зада, ҳарчӣ зудтар раҳо шаванд. Созмонҳои байналмилалӣ низ борҳо Тоҷикистонро барои "рушд"-и фасоди молӣ ва хешутаборбозӣ ё непотизм муттаҳам кардаанд. Аммо мақомоти давлатӣ ин иддаоро рад карда мегӯянд, тамоми талоши онҳо барои теша задан бар решаи фасоду хешутаборбозист.

Як мусоҳиби мо аз ниҳоди давлатӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, намешавад ҳамаи инро ба гардани мақомот бор кард ва ё боз ҳам ба хешутаборбозӣ рабт дод. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “ин корҳо аз беназоратии фарзандон ва ё талоши наврасон барои пули бедардимиён дарак медиҳад. Бубинед, дар ин синни ҷавонӣ, ки бояд дар фикри хондан ва фаъолияти босамар бошанд, дар фикри пули муфт шудаанд. Магар касе кори онҳоро назорат накардааст? Волидонашон куҷо буданд?”

"Раис"-и автодром

Боздошти “пайвандону ҳамкорони”-и раисиҷумҳур, раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот бештар аз намояндагони тақаллубии идораҳои давлатӣ хабар медоданд. Ахиран додгоҳи Фирдавсии пойтахт низ Илҳом Баротов, сокини ноҳияи Ҳисорро ба шаш соли зиндон маҳкум кард, ки худро корманди ширкати “Автодром” муаррифӣ карда, дар як сол аз 32 сокини Душанбе барои омода кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз 150 то 1 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.

Неъматулло Ҳимматзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷабрдида Саидшоҳ Иқболов дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, ки моҳи апрели соли 2014 дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе Илҳом Баротов ба боварияш даромада, ба ӯ ваъда додааст, барои гузаштан аз имтиҳон ва гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз муассисаи таълимии ронандагии бо номи “Автодром” кумак мекунад ва 250 доллар гирифта, ғайб задааст.

"Ҳамчунин, ҷабрдидаи дигар Муҳаммад Шодиевро айнан ба мисли Иқболов фиреб дода, ваъда медиҳад, ки ӯро аз имтиҳон гузаронда барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ кумак мекунад ва аз ӯ 200 долларро гирифта бедарак мешавад,"-афзуд додрас. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ инчунин Илҳом Баротовро муваззаф кардааст, маблағҳои аз роҳи фиреб ба дастовардаашро ба соҳибонашон баргардонад.