Пирӯзии душанбегиҳо дар сабқати таэквондо бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе оид ба таэквондо (ВТФ) шоми 6-уми май ба поён расид.

Мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе оид ба таэквондо (ВТФ), ки ба ҷашни 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шуда буд, шоми чоршанбеи 6-уми май дар Майдони тенниси КВД "Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон ба поён расид. Ин мусобиқа бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии таэквондо (ВТФ) ва таҳти сарпарастии ҶДММ "Ғаюр” барпо гардид.

Дар маросими кушоиши мусобиқа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, варзишгарону мураббиён, доварону ҳаводорони варзишро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфтанд.

Исматулло Хоҷаев, раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа варзишгарон дар ҳайати 6 даста – ВМКБ (вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Суғд, Хатлон, Душанбе-1, Душанбе-2 ва ШНТМ (шаҳру навоҳии тобеи марказ) – ширкат доштанд. Мусобиқаи мазкур тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии таэквондо (WTF) дар 8 вазн байни писарону духтарон ва мардон сурат гирифт. Дар 7 вазн варзишгарони Душанбе ва дар як вазн намояндаи ШНТМ пирӯз шуданд. Ғолибон ва онҳое, ки дар вазни худ ҷойҳои дувуму севумро ишғол карданд, бо медалу тӯҳфаҳо ва сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд”.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Вазни 23 кг. 1.Шоҳрӯзи Амриҷон (Душанбе). 2. Шаҳром Дамонов (Кӯлоб). 3. Аъзам Ғаниев (Душанбе). 3. Шаҳбоз Туразода (ШНТМ). Вазни 37 кг. 1. Рамазон Мирзоев (“Локомотив”). 2. Улуғбек Абдуллоев (ШНТМ). 3. Ҳаким Ҳакимов (Душанбе). 3. Ҳамдам Бурҳонов (Душанбе) Вазни 41 кг. 1. Некрӯз Қадамшоев (Душанбе). 2. Амал Иброҳимов (Душанбе). 3. Оятулло Исмоилзода (ШНТМ). 3. Иброҳимҷон Ҳалимов (Кӯлоб). Вазни 45 кг. Духтарон. 1. Шаҳризода Ҷабборова (Душанбе). 2. Зарина Турсунова (ШНТМ). 3. Сабрина Мингазова (Душанбе). Вазни 54 кг. 1. Наврӯз Ҳамидов (Душанбе) 2. Биноӣ Раҳимов (Кӯлоб) 3. Меҳроб Мирзошарифов (Душанбе). 3. Ҷиёнхон Сафаров (Душанбе). Вазни 55 кг. 1. Манучеҳр Неъматов (Душанбе). 2. Бахтовар Шарифов (Душанбе). 3. Маҳмад Суннатов (Душанбе). 3. Акбар Бурҳонов (ШНТМ). Вазни 58 кг. 1. Муҳаммади Суннатулло (ШНТМ). 2. Баҳром Холов (Душанбе). 3. Фирдавс Зоиров (Душанбе). 3. Фозил Майдаев (Душанбе). Вазни 59 кг. 1. Амирҳамзаи Ҷузҷонӣ (Душанбе). 2. Парвиз Сафаров (Душанбе). 3. Наимҷон Сафолов (ШНТМ). 3. Раҳматулло Хоҷаев (Душанбе).