Донбасс: Садои табли ҷанг баландтар мешавад?

Бархе таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки охирҳои моҳ рӯёрӯиҳои шадид дар шарқи Украина аз сар гирифта мешаванд.

Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар шарқи вилояти Луҳански Украина боз ду сарбози украинӣ шуд. Геннадий Москал, волии вилояти Луҳанск, рӯзи 4 май хабар дод, ки мошини низомиёни украинӣ рӯзи якшанбе дар канори рустои Екатериновка ба мина бархӯрдааст.

Қисмати ҷанубии вилояти Луҳанск аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор назорат мешавад.

Бар асари набардҳо миёни низомиёни украинӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина шурӯъ аз баҳори соли гузашта беш аз 6 ҳазору 100 нафар кушта шуданд ва талафот миёни низомиёни сокинони осоишта бо вуҷуди имзои созиши оташбас дар моҳи феврали соли равон афзоиш меёбад.

Таҳлилгарони масоили низомӣ бо ишора ба рӯз то рӯз боло рафтани хушунат дар бораи дубора аз сар гирифтани рӯёрӯиҳо дар шарқи Украина ҳадс мезананд. Бархе аз онҳо дар расонаҳо ва шабакаи иҷтимоӣ ҳатто санаи шурӯи дубораи низоъро – охирҳои моҳи май гуфтаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, даргириҳои ҷудогона ва тирандозиҳо ба мавқеъҳои ҳамдигар, яъне нақзи ҳамарӯзаи созиши оташбаси дар Минск ҳосилшуда, “тамрин” дар арафаи ҷанги густурдаи нав аст, зеро аз вазъи феълӣ на Киев қаноатманд аст, на Маскаву на ҷудоихоҳони рустабори Донбасс. Онҳо ба он нукта ҳам ишора мекунанд, ки тайи се моҳи ахир ҳам Киев ва ҳам ҷудоихоҳони рустабор соҳиби техникаву силоҳи вазин шуданд ва нерӯҳои худро нав карданд.

Анна Райская, таҳлилгари сиёсии муқими шаҳри Киев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шурӯи дубораи рӯёрӯиҳо байъд нест, ҳарчанд бархе мутмаинанд, ки дар Донбасс ин тобистон фақат низоъҳои ҷудогона сурат хоҳанд гирифт. “Аслан ду назар вуҷуд дорад, бархе мутмаинанд, ки бо фарорасии тобистон ва истифодаи ҷангалзорҳо ба ҳайси мудофиа ҳарду ҷониб ҳарчӣ бештар вориди даргириҳо мешаванд ва ин оқибат ба рӯёрӯии чанд чанд моҳи пеш табдил мешавад. Назари дигар ин аст, ки ҳамин гуна низоъҳои хурду реза идома мекунанд, яъне шаҳрҳо ва рустоҳо аз даст ба даст мегузаранд”, мегӯяд таҳлилгари украин.

Аз Анна Райская пурсидем, ки "шумо ва дигар коршиносон дар Фейсбук аз имкони вуруди нерӯҳои нави Русия ба хоки Украина изҳори нигаронӣ кардаед. Ин нигарониҳо аз куҷо маншаъ мегиранд?" Ба гуфтаи ӯ, “ин нигаронӣ вуҷуд дорад ва, зимнан, он ҳамеша вуҷуд дошт. Ахиран генерали амрикоӣ Филипп Бридлав, фармондеҳи аршади нерӯҳои НАТО бо ишора ба шоҳидони ғарбӣ гуфт, амалиётеро, ки ҳоло дар минтақа анҷом мешавад, метавон чун омодагӣ ба ҷанги густурда тадбир кард. Сарбозони зиёде пушти марз истодаанд ва аз ин рӯ вазорати умури хориҷии ИМА дар гузоришҳояш истилоҳи нав “нерӯҳои муштараки русӣ ва шибҳанизомиёни рустабор”-ро истифода мебарад, ҳарчанд аз ин беш онҳоҳро “шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Русия” ном мебурд”.

Мусоҳиби мо бо такя ба дигар таҳлилгарон мегӯяд, ки “артиши Украина тавони муқовимат бо ҷудоихоҳонро дорад, аммо бо артиши Русия муқовимат карданаш зери суол аст”. Ҳамзамон, ба гуфтаи Анна Райская, дар ҳоле, ки Маскав талоши бо ҳар далел лағв кардани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русияро дорад, дар амалиёт алайҳи артиши Украина ширкат кардани нерӯҳои русӣ баъид ба назар мерасад.

Павел Фелгенгауэр

Аз ин пеш Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари масоили низомии рус ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадс зад, ки “эҳтимоли ҷанги густурда дар Донбасс бо наздикшавии тобистон боло меравад". Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, дар Маскав умедворанд, ки режими Киев бар асари шикасти молияву бӯҳрони иқтисодӣ ва бенизомиҳои иҷтимоӣ худ фурӯ мерезад ва имкони тағйири ҳукумати феълӣ ба як ҳукмати русгаро дар Украина фароҳам мешавад. "Аммо агар вазъ ба дигар самт тағйир хӯрад, пас вазъиятро таҳрик додан мегиранд, чӣ гунае, ки онро дар фурудгоҳи Донетск таҳрик доданд. Ва ин таҳрикдиҳӣ афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ ҳоло ягон варианти оташбаси қавӣ ба чашм намерасад”, мутмаин аст таҳлилгари рус.

Павел Фелгунгауэр мунҷамид шудани низои Донбасс чун низои Қарабоғи Кӯҳӣ ё Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ғайримумкин мехонад, зеро "Донбасс минтақаи саноатиест, ки онҷо теъдоди бузурги мардум ба сар мебаранд. Ва онҳоро наметавон чун дар Абхозистон аз ҳисоби чӯбу тахта ё чормағзу мандаринҳо хӯронду пӯшонд. Ба вижа, ки Донбасс ҳоло ба ду пора тақсим шуда, шабеҳи телевизори аз байн ду пора шудааст, яъне, пироги ду порашуда боз ҳам пирог боқӣ мемонад, вале телевизори дупорашуда - на. Дар Донбасс бандар ё кони ангишт дар дасти як гурӯҳ аст ва, бигирем, корхонаи оҳангудозӣ таҳти назорати гурӯҳи дигар”.

Ба гуфтаи Павел Фелгенгауэр, айни ҳол Русия ҳам бар асари бӯҳрони иқтисодӣ имкони таъмини ин минтақаи сернуфусро надорад, аз ин рӯ, “имкони ба таври тулонӣ мунҷамид сохтани низоъ мавҷуд нест".