Волии Бадахшон: "Умар Ислом дар Хастак захмӣ шудааст"

Волии вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ кард, ки дар ҳамлаи толибон ба посгоҳи артиш дар Дараи Хастак фармондеҳи "Толибони тоҷик" маҷрӯҳ шудааст.

Дар ҳамла ба як постгоҳи артиш дар волусволии Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон, ки мунҷар ба ҳалокати 18 сарбози афғон шуд, 8 ситезаҷӯи хориҷии узви ҷунбиши “Толибон” ҳам ширкат доштанд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 14 апрел хабар дод ва аммо иттилоъи аз Тоҷикистон будани ҳамаи ин ситезаҷӯёнро рад кард ва гуфт, ки онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Чеченистони Русияанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар набард ду нафар аз толибони хориҷӣ ҷароҳат бардоштаанд - Умар Ислом, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ситезаҷӯе бо номи Сӯҳроб аз Узбакистон. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, Умар Ислом, раҳбари гурӯҳи ситезаҷӯёни тоҷик дар ҷунбиши "Толибон" аст. Аз ин пеш хабар расида буд, ки ӯ дар ҳамин набард кушта шудааст.

Ба гуфтаи волӣ, рӯзи сешанбе маросими ба хоксупории сарбозони кушташуда баргузор шуд. Шоҳ Вапиуллоҳ Адиб афзуд, ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки мақомоти амниятӣ ба фармондеҳони маҳаллӣ з имкони ҳамлаи “Толибон” ҳушдор дода буданд. Аз ӯ суол кардем, ки пас чаро ин фармондеҳон аз ҳамла ҷилавгирӣ накарданд? Ба гуфтаи волӣ, "мақомоти амниятӣ ба қумандони маҳаллӣ дастур дода буданд, ки ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигранд ва аз ҷумла ба Кобул наравад. аммо ӯ минтақаро тарк намуд ва ин омил боиси он шуд, ки сарбозон аз ҳамла беиттилоъ монданд"

Аз ин пеш вазорати дифои Афғонистон ҳам гуфта буд, ки ин ҳодиса бар асари хунукназарии як корманди полис ба вуқӯъ пайвастааст, аммо аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ намуд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро Толибон ба дӯш гирифтанд. Ситезаҷӯён силоҳи зиёдеро бо худ бурданд ва мошинҳоеро, ки аз ҷой ҷунбонда натавонистанд, оташ заданд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, даргириҳо рӯзи ҷумъа аз ҳамлаи Толибон ба як постгоҳи амниятӣ дар минтақаи Дараи Хастак дар вулусволии Ҷурм шурӯъ шуданд. Дар изҳороти вазорат омадааст, ки дар чанд рӯзи ҳамлаҳо дар вилояти Бадахшон дасти кам “33 сарбоз шаҳид, маҷрӯҳ ва ё беному нишон шудаанд”.

Дар ҳамин ҳол, Зикриё Савдо, узви комиссиюни амниятии парлумони Афғонистон мегӯяд, ки дар фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурм аз 200 то 400 толиби хориҷӣ аз Чин, Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон мустақаранд ва аммо ҳукумат то ҳол барои аз ин минтақа берун кардани онҳо амалиёти ҷиддиеро роҳандозӣ накардааст.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале рӯшан нест, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ё онҳоро аз банд раҳо карданд.