Сабқати лигаи олӣ бо ширкати 10 даста дар ду давра баргузор мешавад

​Имрӯз, 14-уми апрел, даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии «Равшан»-и Кӯлоб - «Хайр»-и Ваҳдат шурӯъ мешавад.

Даври дуюми мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз, 14-уми апрел, соати 16:00 дар шаҳри Кӯлоб бо бозии «Равшан» - «Хайр»-и Ваҳдат оғоз меёбад. Ду бозии дигари ин давр рӯзи шанбеи 18-уми апрел байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбеи 19-уми апрел миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Барқи тоҷик»-и Душанбе — «Истиқлол»-и Душанбе сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки баъди анҷоми бозии «Равшан» - «Хайр» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб лотерея баргузор мешавад. Бурди олӣ мошини сабукрави тамғаи “Мерседес” мебошад. Лотерея аз рӯи чиптаи тамошои ин бозӣ, ки нархаш 10 сомонӣ муқаррар шудааст, доир хоҳад шуд.

Бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронида шавад.

Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, акнун «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва дастаҳо акнун дар ду давра бозӣ мекунанд. Ба ин тартиб, ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар ҷадвали мусобиқа се даста – “Истиқлол”, “Хайр” ва “Вахш” - бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва "Барқи тоҷик" (Душанбе) аз бозии даври аввал озод буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «ХУҶАНД» – 2:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (2:0). Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи худ (2:0).

«ВАХШ» – «ПАРВОЗ» – 1:0

Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 50.

«ХАЙР» – ССКА «ПОМИР» – 2:0

Голҳо: Наполеон Андох, 71 (1:0). Наполеон Андох, 75 (2:0).

«РЕГАР-ТАДАЗ» – «РАВШАН» – 2:2

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 7 (0:1). Комрон Турсунов, 31 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 41 (2:1). Сайидамири Сайидаҳтам, 49 (2:2).

Аз бозӣ хориҷ шуд: Музаффар Сироҷиддинов («Регар-ТадАЗ»), 89.

Натоиҷи бозиҳои даври 1-ум

9 апрел (панҷшанбе)

«Истиқлол» – «Хуҷанд» - 2-0

11 апрел (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» - 2-2

«Хайр» – ССКА «Помир» -2-0

«Вахш» – «Парвоз» - 1-0

Тақвими нави чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2015 баъдтар нашр мешавад.