Ахиран як таҳлили Маркази милии тестӣ нишон додааст, ки довталабони тоҷик фоизи аз ҳама пасти холҳои худро дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ тариқи ин марказ дар соли гузашта аз фанни риёзӣ ба даст овардаанд. Таҳлили Маркази миллии тестӣ ошкор кардааст, ки довталабони тоҷик аз фанҳо дақиқ дараҷаҳои паст ба даст оварда ва бештар ба фанҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ доранд. Ин таҳлил дар пайи натиҷагирӣ аз имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ тариқи Маркази милии тестӣ дар соли 2014, ки барои Тоҷикистон таҷрибаи аввал буд, сурат гирифтааст.
Ҷамшед Азимов, сардори шӯъбаи таҳияи маводи имтиҳонии ин марказ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "натиҷагирии имтиҳонҳо ва таҳлили тестҳо аслан ба ду мақсад гузаронида мешавад. Яке санҷидани коршоямии тестҳо ва дигаре муайян кардани сатҳи донишу малакаи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок мекунанд. Таҳлилҳои мо тахассусӣ ҳастанд ва онҳоро дар забони тестшиносӣ, таҳлилҳои оморӣ ва психометрӣ мегӯянд. Ин таҳлилҳо имкон медиҳанд, ки мо дараҷаи душворӣ, қудрати тафриқавии ҳар як савол ва дар умум боэътимодии тестро муайян кунем."
Оқои Азимов бо такя ба таҳлили анҷомдодаашон таваҷҷӯҳи довталабонро бештар ба фанҳои гуманитарӣ арзёбӣ кард: "Аз таҳлил бармеояд, ки дониши довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, ҳуқуқи инсон беҳтар аст. Онҳо тавонистанд, ки аз ин фанҳо холҳои бештарро ба даст оранд. Вале дар дохили ин фанҳо низ бахшҳое ҳастанд, ки дониши довталабон қонеъкунанда набуд. Масалан аз фанни забон ва адабиёти тоҷик агарчи дониши хонандагон дар бахши морфологияву синтаксис хуб аст, дар таҳлили шеъру хулосабарорӣ мушкилӣ мекашанд. Аз фанҳои даққиқ, математика, физика, химия воқеан каме холҳои пастро ба даст оварданд. Вале мо ин натиҷаҳоро ба мақомоти дахлдор ба ин соҳа фиристодем ва умед дорем, ки дар имтиҳоноти имсола довталабон аз ҳама фанҳо холҳои заруриро ба даст меоранд. "
Нисбатан суст будани хонандагон аз фанҳои даққиқ дар ҳоле садо медиҳад, ки аз рӯи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли 2014 дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ аз фанҳои даққиқ хонандагони тоҷик соҳиби 128 медал шудаанд. Масъулони ин ниҳод мегӯянд ба хотири таҷрибаи соли аввал будани имтиҳоноти марказонидашуда наметавон хулосаи қатъӣ баровард, ки хонандагони мо дар кадом равияҳо малакаи бештар доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илм дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар имтиҳоноти соли дуюм ва сеюм, ки Маркази миллии тестӣ мегузаронад, мо метавонем пурра муайян кунем, ки хонандагони мо бештар ба кадом равия таваҷҷӯҳ доранд. Ин решаи таърихӣ дорад ва ҳеҷ ҷои пинҳон кардан ҳам нест, ки бештари мардуми мо таваҷҷӯҳ ба фанҳои гуманитарӣ, аз қабили адабиёту таърих доранд, вале вақте ки талабот ба фанҳои даққиқ зиёд шуд, аллакай ин чизро дидан мумкин аст, ки сокинон кӯшиш мекунанд фарзандонашонро дар мактабҳое супоранд, ки бештар равияи даққиқ ва техникӣ дошта бошанд."
Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе як пурсиши сарироҳие гузаронидем ва ба хонандагону донишҷӯён маҳз ба ҳамин савол муроҷиат кардем, ки "таваҷҷӯҳи шумо бештар ба кадом гурӯҳи фанҳо ҳаст?" Қисми зиёди аз пурсидашудагон рағбаташонро ба фанҳои гуманитарӣ арзёбӣ карданд.
Савзалӣ Назаров як ҷавон аз Душанбе мегӯяд, "таваҷҷӯҳи ман бештар ба фанҳои гуманитарӣ ҳаст. Ба он хотир, ки мо шарқиҳо аслан шеърдӯсту адабиётдӯст ҳастем. Мардуми Ғарб бошад, рағбат ба фанҳои даққиқ доранд. Аз техникаву технология кор мегиранд."
Ба фарқ аз аксари пурсидашудагон, Меҳроҷ Қурбонов, як ҷавони дигар мегӯяд "бештар фанҳои даққиқро дӯст медорам. Аз он ҷумла алгебра, химия, физика ва география. Барои он ки ин фанҳо хеле ҷолиб ҳастанд ва одамро ба фикр кардан водор мекунанд. Инҳо фанҳои лозимӣ барои мо ҳастанд."Зимнан Маркази милли тестӣ моҳи декабри соли 2013 дар назди Вазорати маориф ва илм ифтитоҳ ёфт ва феврали 2014 ба Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Барои гузаштан ба низоми нави имтиҳони қабул Тоҷикистон сар аз соли 2008 омодагӣ мегирифт ва алаккай соли дуюм мешавад, ки довталабони тоҷик барои дохил шудан ба мактабҳо олӣ маҳз тариқи ҳамин марказ имтиҳон месупоранд.