Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия дар Душанбе

Шоми имрӯз, 31-уми март, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Сурия шоми имрӯз, 31-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 30-юми март баргузор шуд, гуфт, “мунтахаби Сурия рақиби хуб ва сазовор аст. Мо хушнудем, ки суриягиҳо барои бозии дӯстона розӣ шуданд ва ба кишвари мо омаданд. Умедворем, ки бозӣ хубу шавқовар мегузарад. Мутаассифона, ҳаво номусоид аст, вале фикр мекунам, ки мухлисони ашаддӣ ба варзишгоҳ меоянд, моро дастгирӣ мекунанд ва бозии хеле шавқангезро тамошо хоҳанд кард”.

Фаҷр Иброҳим, сармураббии мунтахаби Сурия, ба хабарнигорон иброз дошт, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва аз ин сафар хеле хушҳол аст. Вай афзуд, ”мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму ҷӯшон изҳори сипос намоям. Барои мо ин бозии дувум дар муддати шаш рӯзи охир ба шумор меравад. Ҳафтаи гузашта мо дар сафар бар мунтахаби Урдун бо ҳисоби 1-0 пирӯз шудем. Мо ба даври дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омодагӣ мебинем. Аз ин рӯ ман ҳайати дастаро месанҷам. Мо ба Тоҷикистон барои пирӯзӣ омадаем ва мекӯшем, ки ба хона хушҳол баргардем”.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 141-ум ва мунтахаби Сурия дар ҷойи 152-юм қарор доранд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии лотерея доир мешавад. Бурди олӣ мошини сабукрави тамғаи “Мерседес Бенс” мебошад.