Ҷон Керрӣ: Тавофуқ бо Эрон имконпазир аст

Музокироти ҳастаии Эрон дар Лозаннеи Шветсария

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки дар музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон барои боз доштани барномаҳои ҳастаии он “пешрафтҳои қобили мулоҳиза” ба даст омадааст.

Бо вуҷуди ин Ҷон Керрӣ мегӯяд, ки то ҳол дар роҳи расидан ба тавофуқот холигоҳ боқӣ мондааст. Вай ин суханонро 21 март дар Шветсария пеш аз сафар ба Лондон изҳор дошт. Қарор аст вай дар он ҷо бо вазирони корҳои хориҷаи Британияву Олмон ва Фаронса мулоқот ва масъалаҳои марбут ба барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ намояд.

Ҳайатҳои намояндагии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, яъне Амрикову Британия, Фаронсаву Русия ва Чину Олмон тамоми ин ҳафта дар шаҳри Лозаннеи Шветсария ба музокира нишаста буданд, то талоши худро барои расидан ба тавофуқот роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эрон ба харҷ диҳанд.

Эрон то ҳол пофишорӣ дорад, ки барномаҳои ҳастаии он комилан сулҳомез аст, вале кишварҳои Ғарбӣ ба он бовар надоранд ва мегӯянд, ки ин изҳороти Эрон як навъ пардапӯшӣ аз такмили аслиҳаи ҳастаиаш мебошад.

Мӯҳлати поёнии расидан ба тавофуқот роҷеъ ба ин барномаҳо 31 март таъйин шудааст, вале созишномаи ниҳоӣ бояд то 30 июн имзо шавад.

Ҷон Керрӣ сару садоҳоро дар ин бора, ки гӯё роҷеъ ба коҳиши таҳримҳои иқтисодии зидди Эрон миёни Амрикову Фаронса ихтилофи назар ба вуҷуд омадааст, рад кард.

Вай гуфт: “ҳадафи мо ва бархӯрди мо ба масъала якест ва мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки барномаҳои ҳастаии Эрон комилан сулҳомез аст”. Ҷон Керрӣ афзуд, ҳар гоҳ, ки вақти тасмими бунёдӣ фаро расид, Вашингтон дар бораи тавофуқ бо Теҳрон ба саросемагӣ роҳ нахоҳад дод. Ба гуфтаи вай , ҳадафи онҳо танҳо тавофуқот нест, агар онҳо ба саросемагӣ роҳ медоданд, ин тавофуқро муддатҳо пеш эълон мекарданд.

Бино ба гузоришҳо, Вашингтон пешниҳод кардааст, ки таҳримҳои зидди Эрон тадриҷан аз миён бардошта шаванд, агар Эрон барномаҳои ҳастаии худро боздорад. Вале Фаронса мегӯяд, ки таҳримҳои як даҳсолаи ахири зидди Эрон ба таври самбулик аз миён бардошта шавад.

Аммо Эрон мехоҳад, ки ин таҳримҳо билофосила ба унвони қадами аввал бардошта шавад. Ба ин пешниҳод музокиракунандагони кишварҳои Аврупоӣ фавран ҷавоби рад доданд ва гуфтанд, ки ин масъала қобили баррасӣ нест.

Ҷон Керрӣ ҳам гуфт, ҳар гоҳ ки вақти “тасмими бунёдӣ” фаро расид, Вашингтон ба истилоҳ “барои табрики Эрон” саросема нахоҳад шуд.

Ҷерард Арод-сафири Фаронса дар Амрико пештар дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки мӯҳлати пешбинишудаи расидан ба тавофуқот дар охири моҳи март қобили боварӣ нест ва хатарнок аст. Вай гуфт, ҷонибҳо ҳама вақт бояд силсилаи тавофуқотро ниҳоӣ кунанд.

Бо вуҷуди ин изҳороти Ҷон Керрӣ хушбинии ҷониби Эронро ба бор овардааст ва Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон изҳори боварӣ кард, ки “тавофуқот имконпазир” аст. Ҳасан Рӯҳонӣ 21 март ба хабаргузории давлатии Эрон бо номи ИРНО изҳори итминон кард, ки музокироти ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бо созишномаи ниҳоӣ ба поён хоҳад расид.

Рӯҳонӣ гуфтааст, ки пешрафтҳо дар даври ахири музокирот вайро ба натиҷаҳои мусбати он хушбин мекунад. Вай гуфтааст: “Дар ин даври музокирот дар баъзе аз мавзӯъҳо нуқтаи назарҳо бо ҳам мутобиқ омадааст, ки дар даврҳои гузашта роҷеъ ба онҳо ихтилофи назар вуҷуд дошт”. Вай афзудааст, “масъалае нест, ки ҳал нашавад”.

Аммо Муҳаммад Ҷаввод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон 20 март гуфт, ки онҳо ҳоло сабабе надоранд, то бигӯянд, ки тавофуқоти ҳастаӣ ба даст омадааст.

Музокироти ҳастаии Эрон дар Шветсария ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад. Ҳоло ҳайати музокироти Эрон ба Эрон баргаштааст, то дар ҷанозаи модари раиси ҷумҳури ин кишвар ва дар маросимҳои наврӯзӣ ширкат ҷӯяд.