Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Русия

​Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо тими ҷавонони Русия бо ҳисоби 0-0 анҷом дод.

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бозии севуми санҷиширо дар Туркия бо тими ҷавонони Русия (бозигарони соли таваллудашон 1998) бо ҳисоби 0-0 анҷом дод. Ин бозии санҷишӣ барои мунтахаби ҷавонони Русия бо раҳбарии Михаил Галактионов як давраи омодагӣ ба даври интихобии чемпионати Аврупо-2015 (21-26 март, Краснодар) маҳсуб мешуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мунтахаби ҷавонони кишвар дар бозии севумаш бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Шаҳром Исмоилов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Наврӯз Абдул, Эҳсони Панҷшанбе, Худойдод Узоқов (Алишер Баротов, 72), Муҳаммадҷони Ҳасан, Кароматулло Саидов, Ҳоҷибой Зиёев (Отабек Каримов, 67), Нуриддин Ҳамроқулов (Саидҷон Шарифов, 67).

Ёдвар мешавем, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Туркия бар тими даниягии «Сённерйюск» бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда буд. Ҳарсе голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷони Ҳасан, нимҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ба самар расондааст.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дувуми санҷишӣ бар тими лигаи севуми Швейтсария «SV Port» бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд. Голҳои мунтахаби ТоҷикистонроМуҳаммадҷони Ҳасан (дақиқаи 23-юм), Эҳсони Панҷшанбе (51 ва 75) ва Алишер Баротов (68) заданд.

Бозии охирини санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик дар Туркия рӯзи 19-уми март бо тими «Конгсвингер»-и Норвегия баргузор мешавад.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар Анталияи Туркия то рӯзи 20-уми март идома хоҳад кард.