Таърихи зинда дар музейҳои Босфор (21 АКС)
Яке аз бузургтарин ҷойҳои таърихӣ-фарҳанӣ дар шаҳри Анқара --пойтахти Туркия, мавзолей ё оромгоҳи бунёдгузор ва нахустин президенти Туркияи навин Мустафо Камол мебошад.
Рӯзи 19 май соли 1919 барои Туркия санаи муҳим ба шумор меравад. Ин рӯзи эълони ҷанг барои истиқлолияти Туркия аст.
Мустафо Камол Отатурк дар таърихи 10 ноябри соли 1938 дар сини 56 солагӣ аз дунё даргузашт. Нахустин хишти бунёди оромгоҳи ӯ дар моҳи октябри соли 1944 гузошта шуда ва он дар соли 1953 ба поён расид.
Дар озмун ё тендер барои бунёди мавзолей 27 меъмори хориҷӣ ва 20 меъмори туркӣ ширкат карданд. Дар ниҳоят ду меъмори туркӣ барандаи беҳтарин тарҳ барои бунёди ин мавзолей шуданд.
Дар оғози қарни 20-ум Императории Усмонӣ дар шароити сахт қарор дошт ва рӯ ба суқут ниҳода буд. Ин абарқудрати вақт аз як сӯ зери фишори дохилии миллигароён ва аз сӯи дигар зери фишори хориҷӣ қарор гирифта буд.
Вазъияти хатарнок ва сахти Отатурк. Ӯ ҷавононро дар атрофи худ ҷамъ овард ва алайҳи салотин, ки намедонистанд чи кор кунанд, суханронӣ менамояд.
Мустафо Камол алайҳи салотин, ки сарзаминҳои туркҳоро тақсим карданд, ҷанг эълон кард.
Мустафо Камол Отатурк дар миёни муборизони ҷавони истиқлолхоҳ.
Соли 1918 кишварҳои аврупоӣ бахше аз шаҳри Истанбулро ба тасарруф дароварданд. Генерали фаронсавӣ Деспери бар болои аспи сафед фотеҳона вориди шаҳр шуд.
Нерӯҳои бритониёӣ зери оташи тӯпхонаи туркҳо дар Халиҷи Босфор.
Дар ҷараёни ҷанги истиқлолхоҳии Туркия, ҳама -- аз хурд то бузург ширкат доштанд.
"Панорама 1453". Дар соли 1453 нерӯҳои таҳти раҳбарии султони турк Муҳаммади II, шаҳри Контантинопол, Истанбули феълиро фатҳ карданд.
Бунёди маҷмаа "Панорама 1453" дар соли 2003 оғоз ва дар соли 2010 ба поён расид. Ин маҷмаа бо меъмории худ яке аз зебортарин иншоотҳо фарҳангӣ ба шумор меравад.
Диаметри "Панорама 1453" 38 метр ва баландии он 20 метрро ташкил медиҳад. Тарроҳи "Панорама1453" Ҳошим Ватандош мебошад.
Таҷҳизоти ҷангӣ.
Таҷҳизоти ҷангӣ.
Музейи "Панорама 1453" аз ҳодисаҳои таърихӣ ҳикоят мекунанд
Тасвири саҳнаи ҷанг.
Музей миёни ҷавонон аз маҳбубият бархӯрдор аст. Сайёҳони хориҷӣ бар ивази 10 лираи туркӣ метавонанд аз ин музей дидан намоянд.
Фикри бунёди "Панорама 1453" соли 2003 ба миён омад ва корҳои сохтмонӣ дар соли 2005 оғоз шуд ва он соли 2010 ба поён расид.