Шикасти "Давлати исломӣ" аз Тикрит шурӯъ мешавад?

Низомиёни ироқӣ умедворанд, ки ба зудӣ ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломи”-ро аз шаҳри Тикрит берун хоҳанд андохт.

Артиши Ироқ рӯзи чаҳоршанбе як бахши шаҳри Тикрит - зодгоҳи раисиҷумҳури пешин Саддом Ҳусейнро таҳти назорат гирифт.. Дафтари Раед ал-Ҷубурӣ, волии вилояти Салоҳиддин, рӯзи 11 март хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ нисфи минтақаи Қудусияро аз ситезаҷӯён озод карданд. Акнун нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамроҳ бо шибҳанизомиёни шиа талоши таҳти назорат гирифтани қисмати шимолии Тикритро хоҳанд кард.

Низомиёни ироқӣ мегӯянд, ки барои ишғоли шаҳр мерганҳо ва минаҳои сарироҳӣ монеъ мешаванд. Як рӯз пеш низомиёни ироқӣ ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ шаҳри Ал-Алам, воқеъ дар шимоли Тикритро, аз мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карда буданд.

Нерӯҳои ҳукуматии Ироқ даҳ рӯз пеш амалиёти густурда ба хотири таҳти назорат гирифтани шаҳри Тикритро шурӯъ карданд. Тикрит дар 130 километрии шимоли Бағдод воқеъ шудааст. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳрро моҳи июни соли гузашта ишғол карда буд.

Ризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ишғоли Тикрит аз сӯи артиши Ироқ суқути гурӯҳи “Давлати исломи”-ро дар минтақа наздиктар хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, "давлати Ироқ барои дубора таҳти назорат гирифтани Мовсил ва якпорчагии кишвар ба он ниёз дорад, ки Тикритро аз назорати гурӯҳи "Давлати исломӣ" берун кунад. Ба ин ҳотир дар ҳудуди 30 ҳазор сипоҳиёни артиши Ироқ ва шибҳанизомиён барои ишғоли Тикрит сафарбар шуданд". Ӯ афзуд, ки "тайи ду ҳафи ахир даргириҳои шадиде дар рустоҳои атрофи Тикрит сурат гирифтанд ва дар онҳо гоҳе мусаллаҳони "Давлати исломӣ" пешравӣ доштанд ва гоҳе низомиёни ироқӣ. Бояд интизор дошт, ки тайи рӯзҳову ҳафтаҳои оянда сарнавишти ҷанг барои Тикрит рӯшан мешавад ва агар ин минтақа таҳти назорати нерӯҳои ироқӣ биуфтад, вазъияти "Давлати исломӣ" дар Мовсил ба хатар мувоҷеҳ мешавад".

Ризо Тақизода афзуд, ки Тикрит як шаҳри суннинишин ва зодгоҳи раисиҷумҳури пешини Ироқ Саддом Ҳусейн аст, "вале дар ҷангҳои ҷорӣ шибҳанизомиёни шиа ба ин минтақа интиқол ёфтаанд ва дар ҳақиқат як навъ ҳамкории наздик байни шиаҳои шибҳанизомӣ ва сунниҳо сурат мегирад". Мусоҳиби мо мутмаин аст, ки "интиқоли шибҳанизомиёни шиа ба гурӯҳи "Бадр" дар Тикрит таҳти назорати мустақим ва мушорикати Сипоҳи Посдорони иқтилоби исломии Эрон, нерӯҳои "Қудс" сурат гирифтааст. То ҳол дар ҷангҳои Ироқ чанд тан аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорон ба ҳалокат расиданд ва ин яке аз нишонаҳои ҳузур ва ширкати фармондеҳони Сипоҳ дар басиҷи нерӯҳои "Бадр" ба ҷангест, ки барои бозпас гирифтани Тикрит дар ҷараён аст".

Бар пояи хабарҳо, дар канори шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ ҳам нерӯҳои Пешмаргаи курдҳо амалиёти густурда алайҳи “Давлати исломӣ”-ро шурӯъ намуданд. 10 март Шӯрои амнияти вилояти Киркук хабар дод, ки нерӯҳои курд роҳеро таҳти назорат гирифтанд, ки ин шаҳрро бо Мовсил мепайвандад.