Алӣ Мутаҳарӣ, вакили Маҷлиси Эрон, ки борҳо ба раҳоии раҳбарони мухолифин аз ҳабси хонавгӣ даъват кардааст, дар шаҳри Шероз мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ба иттилои хабаргузории IRNA, ин ҳодиса рӯзи 9 март дар фурудгоҳи Шероз ба вуқуъ пайваст – афроди мотосиклсавор ба сангу калтак ба мошини Алӣ Мутаҳарӣ ҳамла карда, шишаҳои онро шикастанд. Бар пояи хабарҳо, як чашми Мутаҳарӣ осеб дидааст ва аз ин рӯ суханронии ӯ дар Шероз лағв шудааст.
Алӣ Мутаҳарӣ борҳо хостори раҳоии раҳбарони мухолифин Меҳдии Карубӣ ва Мирҳусейни Мусавӣ аз ҳабси хонагӣ шуда буд – онҳо чаҳор сол боз. ба думболи эътирозҳо пас аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии соли 2009, ҳаққи аз манзил берун шуданро надоранд.