Раҳмон Қаюмов бовар надорад, ки бародараш дар куштори Умаралӣ Қувватов даст дорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳмон Қаюмов мегӯяд, ӯ бовар надорад, ки бародараш дар куштори Умаралӣ Қувватов даст дорад. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми март Раҳмон Қаюмов гуфт, хабари боздошти бародарашро аз расонаҳо шунидааст, вале бовар надорад, ки Сулаймон дар ин амал нақш дошта бошад.