Ҳизби Демократи Тоҷикистон бори аввал ба порлумон роҳ ёфт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳизби Демократи Тоҷикистон, яке аз ҳизбҳои қадимии кишвар, дар таърихи беш аз 20 солаи худ барои аввалин як курсиро дар порлумони Тоҷикистон ба даст овард. Ин вуруд на аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ, балки аз роҳи худпешбарии раҳбари ҳизб Саидҷаъфар Исмонов ба даст омад. Худи Исмонов дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки мандати депутатиро барои рушди демократия дар кишвар истифода хоҳад кард.