Шарҳи Холиқов дар бораи боздошту ҳабси "Шайх Темур"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Боздошту ҳабси пешакии "Шайх Темур" рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе сурат гирифтааст. Абдуҳаким Холиқов, додраси Додгоҳи Сино гуфт, ин сокини 65-солаи шаҳри Турсунзода бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 250, қисми 4 (тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон), 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон) ва 170 (бисёрзанӣ) - муттаҳам мешавад.