Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА як зина поин шуд

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина поин рафт ва бо 215 имтиёз дар мақоми 137-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 12-уми феврал нашр шудааст, бо 215 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ ҷойи 137-умро касб кардааст.

Мунтахаби Олмон дар феҳристи нави ФИФА бо 1729 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина (1534 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1456 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё тағйир наёфтааст (ҷойи 20-ум).

Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Ин бозӣ рӯзи 26-уми март дар Молдив барпо мегардад. Дар раддабандии нави ФИФА мунтахаби Молдив дар зинаи 135-ум қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.