Шаҳрдорӣ насби шиорҳои сиёсиро дар кӯчаҳои пойтахт ғайриқонунӣ номид

Шаҳрдории Душанбе бо ишора ба Қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, насби ҳамагуна навиштаҷоту плакатҳои сиёсӣ дар кӯчаҳои пойтахт мамнӯъ аст.

Шаҳрдории Душанбе дар посух ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки мехост таблиғоти интихоботии худро дар кӯчаҳои пойтахт ба роҳ монад, гуфтааст, ин дархост хилофи Қонун дар бораи интихобот аст.

Руқия Қурбонова - муовини шаҳрдори Душанбе рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина як номаи расмӣ ҳам ба унвони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, фиристодаанд. Вай афзуд, дар корзори интихоботи парлумонӣ ба ҳамаи номзадҳо ҳаққи баробари таблиғу ташвиқ дода шудааст ва ин дархости Ҳизби наҳзати исломӣ аз чорчӯби муайянкардаи қонун ва Комиссияи марказии интихобот берун аст.

“Мо дар номаи худ ба ҲНИТ, бар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон, нишон додем, ки барои таблиғ метавонанд аз чӣ роҳҳо истифода кунанд”,-таъкид дошт ӯ.

Муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои таблиғи густурдаи интихоботияш дар пойтахт таҳти рақами 50-1 аз 9-уми январи соли 2015 дар шаҳрдорӣ баррасӣ шуда, вале ба қавли Руқия Қурбонова татбиқи он “имконнопазир” будааст. Ӯ гуфт, “аз лоиҳаҳои пешниҳодӣ бармеояд, ки рекламаҳои дархостшаванда рекламаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи реклама”, ки муносибатҳои соҳаи рекламаро ба танзим медарорад, нисбат ба рекламаҳои сиёсӣ татбиқ намегардад.”

Дар номаи ҷавобии шаҳрдории Душанбе, ки бо имзои Руқия Қурбонова ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ирсол шудааст ва нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ ҳам гардид, инчунин таъкид шудааст, “Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” роҳҳои сурат гирифтани ташвиқоти пешазинтихоботиро муқаррар намудааст, ки онҳо иборатанд аз: аз тариқи воситаҳои ахбори омма; гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо); нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ ва бо дигар шаклҳое, ки ин Қонун муқаррар намудааст. Аммо Қонуни мазкур насби рекламаро ҳамчун роҳи ташвиқоти пешазинтихоботӣ пешбинӣ накардааст.”

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки баъд аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарияшро президент Раҳмон бар уҳда дорад, дуюмин ташаккули сиёсӣ дар кишвар номбар мешавад ва дар муқоиса бо аҳзоби дигар вазъи молии беҳтар дорад. Ба гуфтаи манобеи ин ҳизб, ҳадаф аз дархости иҷозатномаи шаҳрдорӣ ин будааст, ки ҳизб мехост дар маъракаи интихобот маводи таблиғотии худро аз тариқи нуқтаҳои пахши таблоҳои электронӣ ба райъдиҳандаҳо расонад ва теъдоди ҳаводоронашро афзоиш диҳад.

Ҳоло маълум нест, ин қонун танҳо дар робита ба ҳизбҳои мустақил пахш мешавад ё ҳизби ҳоким низ аз истифодаи плакатҳои сиёсӣ дар пойтахт маҳрум шудааст. Ҳизби халқӣ-демократӣ дар интихоботҳои гузашта интиқоди рақибонашро, ки ин ҳизбро ба истифодаи ресурсҳои давлатӣ ва таблиғоти бепул муттаҳам мекарданд, рад кард ва гуфт, шиору аксҳои президентро дар кӯчаҳои кишвар набояд ҳамчун таблиғоти ҳизби ҲХДТ талаққӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 ноябри соли гузашта бо судури фармоне замони интихоботи парлумонӣ дар кишварро 1 март таъин кард. Бар пояи ин фармон, замони интихоби аъзои палатаи болоӣ ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли оянда таъин шудааст.

Дар парлумони кунунии Тоҷикистон ба ҷуз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки аксарияти курсиҳо ба он тааллуқ доранд, инчунин, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист ва Ҳизби аграрӣ дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.