Як донишомӯзи 12-сола дар Узбакистон аз бародари худ фарзанд ба дунё овардааст. Ин духтари ноболиғ хонандаи синфи 6 ва зодаи деҳаи Гулистони ноҳияи Гурлани вилояти Хоразми Узбакистон мебошад, ки моҳи майи соли гузашта бародари 18-солааш ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.
Масъулони Шуъбаи умури дохилии Гурлан дар суҳбат бо бахши узбакиии Радиои Озодӣ хабари фарзанд ба дунё овардани духтарчаи ноболиғ аз бародари худ дар ин минтақаро тасдиқ карда, гуфтаанд, ин донишомӯз 18 январи соли равон таваллуд кардааст. Мақомот хоҳиш кардаанд, аз донишомӯз ном бурда нашавад.
Мақомоти умури дохилӣ дар вилояти Хоразм мегӯянд, ҳарчанд волидайни донишомӯзи узбак хостаанд, ин қазияро пинҳон доранд, аммо худи ӯ дар нахустин суҳбат иқрор кардааст, ба номусаш бародари 18-солааш, хонандаи коллеҷ, дастдарозӣ кардааст. Ба гуфтаи ин духтарак, оилаи фақири онҳо аз се фарзанд - ду писару як духтар ва падари коргару модари хонашин - иборат аст.
Ҳоло бародари ин духтар боздошт шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 118 (дастдарозӣ ба номус)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон парванда боз гардидааст, ки қонунгузорӣ ба ин навъи ҷиноят аз 15 то 20 сол ҳукми зиндон пешбинӣ мекунад. Тавре манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ аз беморхонаи ноҳияи Гурлан хабар медиҳад, донишомӯзи 12-сола фарзанди солим ба дунё овардааст. “Хонанда духтарча таваллуд кардааст ва вазъи модару кӯдак хуб арзёбӣ мешавад”,-гуфтаанд аз беморхона.
Фарзанд ба дунё овардан аз бародари худ вокуниши сахт ва зиёдеро дар ноҳия ва ин вилояти Узбакистон ба бор овардааст. Дар пайи ин ҳодиса, директори мактаб, муовин ва раҳбари синфи ин донишомӯз аз вазифа барканор шуда, дар робита ба муаллими синфи 6-и ин муассисаи таълимӣ чораҷӯӣ шудааст.
Бо ин ҳол, ин бори аввал нест, ки дар Узбакистон, аз ҷумла вилояти Хоразм духтарон аз бародарони худ фарзанд ба дунё меоранд. Расо як соли қабл, 20 январи соли 2014, духтари 13-сола аз деҳаи Буйракчии ин вилоят аз бародари худ фарзанд ба дунё оварда буд. Ҳарчанд алайҳи ин фард низ парванда боз шуда, ба додгоҳ ҳозир шуда буд, вале маълум нест, додрас ба ӯ чи ҳукмеро муносиб дидааст.