“Боз ба Русия меравем,”-мегӯянд сокинон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бисёре аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, дар сурате ки имкон даст диҳад, дубора барои кор ба Русия хоҳанд рафт. Онҳо мегӯянд, ҳоло шароит дар Русия дар пасманзари ҳаводиси Украина андаке тағйир карда, вале бо ин вуҷуд аз Тоҷикистоне, ки барои ҳамаи шаҳрвандонаш ҷои кори муносиб надорад, беҳтар аст.