Ҷавод Зариф: "Агар ҳама ҷонибҳо иродаи сиёсӣ медоштанд..."

Муҳаммад Ҷавод Зариф мегӯяд, ки пешрафт дар музокироти ҳастаӣ мумкин аст ва аммо фақат дар сурати иродаи сиёсӣ доштани ҷонибҳои вориди музокирот.

Изҳороти вазири умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе, 17 январ, қабл аз парвозаш аз Женева ба Теҳрон нашр шуд. Аз ин пеш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Женева бо вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус масоили марбут ба бӯҳрон дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кард. Ҷавод Зариф ба хабарнигорон гуфт, ки бо муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков ҳам дидору гуфтугӯ дошт ва рӯзи 17 январ бо ҳамтои бритониёвияш Филипп Ҳаммонд низ телефонӣ сӯҳбат кард.

Ҳайатҳои Эрон ва ИМА рӯзи 17 январ гуфтугӯро, ки ҳадафаш аз бунбаст берун кардани музокирот аст, дар ҳузури ҳайати Иттиҳодияи Аврупо идома доданд. Қарор аст, ки машварату гуфтушунидҳо рӯзи якшанбе ҳам идома кунанд.

Ҳанно Ковиёнӣ

Ҳанно Ковиёнӣ, ҳамкори мо аз Радиои Фардо, ки ин нишасту мулоқоту машваратҳоро дар шаҳри Женева наззора мекунад, гуфт, ки ба иродаи сиёсӣ ҳам Эрон ва ҳам "шашгона" таъкид кардаанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, "мавзӯи муҳимтар, ки ба он таъкиди зиёд шуд, мавзӯи замон ё мӯҳлати ҳафтмоҳа буд, ки Эрон ва "шашгона" барои расидан ба созиши ниҳоӣ дар ихтиёр доранд. Гуфта шуд, ки ин вақт сипарӣ мешавад ва бояд то моҳи март ба як тавофуқи пешакии сиёсӣ даст пайдо кунанд"

Ҳанно Ковиёнӣ афзуд, фазои музокирот, ба гуфтаи худи ширкаткунандагон, хело ҷиддӣ ва корӣ буд ва рӯшан буд, ки ҷонибҳо воқеъан бо иродае омада буданд, ки аз тариқи гуфтугӯ роҳҳалро пайдо кунанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, тағйироте дар раванди музокирот мушоҳида мешавад, аз ҷумла, ҳузури бештари вазири умури хориҷии Амрико дар музокирот ва дидори мустақим бо ҳамтои эронияш. "Ду соли пеш ҳатто тасаввур кардан душвор буд, ки вазирони умури хориҷии Амрико ва Эрон дар канори рудхона пиёдаравӣ кунанд, чизе, ки дар Женева иттифоқ уфтод", гуфт Ҳанно Ковиёнӣ.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи ҷумъа, 16 январ, аз Конгресс хост, ки аз эълони таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон худдорӣ кунад. Ӯ афзуд, дар замоне, ки музолкирот миёни “шашгона” ва Эрон идома дорад,ба ҳама гуна таҳримҳои нав вето мегузорад. Ҳамзамон Барак Обама таъкид кард, ки агар Эрон дар поёни музокирот “бале” нагӯяд ва кафолат надиҳад, ки пинҳонӣ силоҳи ҳаставӣ тавлид намекунад, худи ӯ аз Конгресси ИМА хостори таҳримҳои шадидтар алайҳи Теҳрон хоҳад шуд.

Панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон талоши қатъи барномаи ҳастаии Эрон ба ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалиро доранд.

ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Теҳрон инро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.

Моҳи ноябри соли гузашта музокироти Теҳрон ва “шашгона” ноком шуд ва ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гуфтушунидҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон то моҳи июли соли 2015 тамдид шаванд.