Рӯзи 11 январ садҳо ҳазор, бо шумули даҳҳо тан аз раҳбарони дунё, дар раҳпаймоии Порис ба ёди қурбониёни ҳамлаҳоир хунини рӯзҳои 7-9 январ ширкат карданд. Ин раҳпаймоӣ аз майдони Республикаи пойтахти Фаронса оғоз ёфт. Бархе манобеъ шумори иштирокунандагони ин ҳамоишро аз 600 ҳозор то 1,5 миллион нафар баровард мекунанд.
Дар раҳпаймоии Порис ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ҳамчунин сарвазири Бритониё Девид Камерон, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, сарвазири Итолиё Маттео Рензи, сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос низ ширкат варзиданд. Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, вазири адлияи Амрико Эрик Ҳолдер, сарвазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвили, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, президенти ИА Доналд Туск, раиси Кумисссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер ва раиси порлумони Аврупо Мартин Шултс низ дар байни гирдиҳамомадагон дар пойтахти Фаронса буданд.
Сарвазири Фаронса Мануэл Валлс қаблан гуфт, ин раҳпаймоӣ “намоиши бесобиқае мешавад, ки дар китобҳои таърих дар борааш хоҳанд навишт.” Ӯ гуфт, ин ҳамоиш баъд аз ҳамлаҳои исломгароёни тундрав ба маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo”, як зани афсари пулис ва алайҳи мағозаи ғизоҳои яҳудӣ дар пойтахти Фаронса, ки дар маҷмӯъ 17 кушта ба ҷо гузошт, “бояд тавон ва шарафмандии мардуми Фаронса ва садоқати онҳо ба озодӣ ва ҳусни таҳаммулро нишон бидиҳад.”
Ин раҳпаймоӣ ба дунболи ҳамоишҳои рӯзи 10 январ аст, ки бино ба ҳисобҳо, беш аз 700 000 нафарро гирди ҳам овард. Ин гирдиҳамоӣ баёнгари ҳолати шокест, ки хунинтарин ҳамлаи 9 соли охири исломгароён дар Аврупо мардумро дар он афкандааст.
Ҷамшед Усмонов, таҳиягари тоҷик, ки чанд сол боз дар Порис ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар ин раҳпаймоӣ ширкат хоҳад кард. Ба гуфтаи таҳиягари шинохта, ҷомеъаи Фаронса аз ҳамлаҳои ахир дар ҳоли шок қарор дорад. "Барои дарк кардани ин ҳодиса ва фаҳмидани он ки чӣ хоҳад шуд, вақт зарур аст. Ҳама мардуми Фаронса дар ҳоли шок ҳастанд, намедонанд, ки чӣ шуд, чаро ин ҳодисаҳо рӯй доданд..." Ҷамшед Усмонов меафзояд, "мутаассифона, баъд аз ин ҳаводис муносибати ҷомеъаи Фаронса, ки зимнан, хело таҳаммулпазир аст, на фақат ба мусалмонҳо, балки нисбати ҳама мардуми дину имондор ба тарафи манфӣ тағйир меёбад. Аллакай баъзеҳо талош карданд, ки бо шиорҳои зиддимусалмонӣ ба майдон бароянд, аммо пеши роҳашонро гирифтанд... Бояд гуфт, ки акнун на мусалмонҳои тундрав, балки асосан ҳамон мусалмонҳои оддӣ, ки ин гуна ҳамлаҳоро маҳкум мекунанд, дар бархӯрд бо атрофиён ва пайдо кардани кор азият мекашанд. Ҳамин рӯз духтарчаам гуфт, аз кӯча мегузаштем, як кампир ду марди ришдорро дида, саросема ба тарафи муқобили кӯча гузашт..."
Дар ҳамин ҳол, ҳизби қавмгарои Ҷабҳаи миллии Фаронса, ки зидди ҷалби муҳоҷирон ва боз кардани дарвозаҳои ин кишвра ба рӯи мусалмонҳост, гуфтааст, дар райпаймоии 11 январ ширкат намекунад. Раҳбари Ҷабҳаи миллӣ Мари Ле Пен рӯзи 10 январ гуфт, ӯ худро барои ширкат “дар гирдиҳамоие, ки ташкилкунандагонаш ошкоро ҳузури ӯро дар он намехоҳанд, маҷбур нахоҳад кард.”
Ле Пен раҳпаймоии Порисро як намоишномаи сиёсатзада ва зиддунақиз номид ва гуфт, ӯву тарафдоронаш дар шаҳри Бокер, дар вилояти Лангедок дар ҷануби Фаронса, ки қавмгароён тарафдори зиёд доранд, раҳпаймоии алтернативие барпо хоҳанд кард.,
Се рӯзи хушунатҳои марбут ба террор дар пойтахти Фаронса ва атрофи он рӯзи 9 январ бо қабли бародарон Шариф ва Саид Кӯчӣ – ду гумонбари асосии ҳамлаи рӯзи 7 январ ба маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” анҷом ёфт. Ин маҷалла, тавре ҳамлагарон иддао доштанд, барои нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Дар натиҷа 12 нафар, бо шумули 8 хабарнигор ва 2 афсари пулис дар идораи маҷалла кушта шуданд. Ин ду бародар, ба гуфтаи мақомот, бо шабакаи Ал-Қоида дар Яман робитаҳое доштаанд.
Ҳамин тавр рӯзи 9 январ як силоҳбадасти низ марбут ба шабакаи Ал-Қоида бо номи Амедӣ Кулиболӣ, ки гуфта мешавад, як рӯз пеш аз он як зани афсари пулисро кушта буд, дар як мағозаи ғизоҳои яҳудӣ дар шарқи Порис чандин нафарро гаравгон гирифт. Нирӯҳои амниятӣ ин ҷангиро кушта, гаравгонҳоро озод карданд.
Нирӯҳои амниятиии Фаронс ато ҳол таъқиби зане бо номи Ҳаёт Боумеддин, ки гуфта мешавад, дар қатли афсари пулис ба Амедӣ Кулиболӣ ҳамдастӣ кардааст, идома дорад. Мақомоти Фаронса ин занро “мусаллаҳ ва хатарнок” тасвир кардаанд.
Аммо манобеи амниятии Туркия ва Фаронса рӯзи 10 январ гуфтанд, ки бовар меравад, Ҳаёт Боумеддин ҳанӯз рӯзи 2 январ, яъне чанд рӯз қабл аз оғози хушунатҳо дар Фаронса, вориди Туркия шуда, шояд алакай аз инҷо ба Сурия гузашта бошад.