МТС: "Гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъи минтақаро ноором кунанд"

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки гурӯҳҳо ва қудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъи амниятии минтақаро ба ҳам бизананд. Раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки “Гурӯҳи 24” бозичаи дасти абадқудратҳо шудааст.

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5 январ зимни нишасти хабарии ин ниҳоди таҳқиқотӣ гуфт, афрод ва қудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъи минтақаро ноором нигаҳ доранд.

Ӯ дар ин робита ба тазоҳуроти эълоннамудаи моҳи октябри соли гузаштаи "Гурӯҳи 24" бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов ишора намуд ва гуфт, ки онҳо бозичаи дасти абадрқудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд амнияти минтақаро ба ҳам бизананд.

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз кишвар ва ё қудрати алоҳидае, ки пуштибонӣ Умаралӣ Қувватов ҳастанд ном набурд, вале СESI, Маркази мутолеоти стратегии Авруосиё, мақараш дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир ба дунболи сару садоҳои тазоҳуроти Гурӯҳи 24 гуфта буд, ки Русия мехоҳад бо ин роҳ ба Тоҷикистон ҳушдор бидиҳад, ки зиёд ба тарафи Чин майл накунад.

Исми Қувватов бори дигар дар тирамоҳи соли 2014, дар пайи даъватҳо ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе дар таърихи 10 октябр вирди забонҳо шуд. Ин даъват мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани ҳатто мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.​

Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар Осиёи Миёна ҳамакнун рақобат барои нуфуз миёни қудратҳо афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи вай, “дар Осиёи Миёна рақобат миёни қудратҳо идома дорад. Агар ин мубориза ором идома кунад, ҳеҷ хатаре дар пай нахоҳад дошт. Аммо мушкили асосӣ ин аст, ки мабодо ин рақобатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ бирасанд, дар он сурат ба субот дар Осиёи Миёна латма хоҳад зад."

Ба бовари Холиқназарзода, рақобати кишварҳои абарқудрат дар Украина нишон дод, ки ҷанги ҳақиқӣ дар ин минтақа ҳамчунон идома дорад ва ворид намудани таҳримҳо миёни Украин ва Русия муносибати ду кишварро тезу тунд намуд, ки ин вазъият ба Тоҷикистон низ таъсири худро хоҳад расонд.

Худойбердӣ Холиқназарзода гуфт, онҳо лоиҳаи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароиро, омода доранд, ки қарор аст пас аз шаш моҳи дигар қабул карда шавад. Ба қавли раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, бештари ҷавонони тоҷик дар Русия тунгаро мешаванд.

Вай гуфт: “Технологияи ҷалби ҷавонони тоҷик ва дигар миллатҳое, ки шумораи муҳоҷиронашон зиёд аст, ба ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла ба "Давлати исломӣ" хеле моҳирона роҳандозӣ шудааст. Ҳангоми ба масҷид рафтани ҷавонон мардуми Қафқоз аз онҳо истифода мекунанд. Онҳо мебинанд, ки кадоме аз муҳоҷирон вазъи хуби молӣ надорад, бо пешниҳоди пули зиёд онҳоро ба ҷиҳод ҷалб мекунанд."

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД