Рӯзи ҷумъа, 26 декабр муфаттишон ва полиси Озарбойҷон кофтукоби чандсоатаро дар дафтари Радиои Озодӣ дар Боку анҷом доданд. Дар паи рейде бо иштироки даҳҳо ходими додситонии кулии Озарбойҷон ва ходимони полис ҳамаи санадҳову маводи чопии маҳфуз дар дафтари радиои Озодӣ мусодира шуд. Хабарнигороне, ки муддати чанд соат дар боздошт буданд, ниҳоят озод шуда хона ба хона баргаштанд. Додситонҳо гуфтанд, ки барои анҷоми кофтукоб қарори дахлдори додгоҳро дар ихтиёр доштанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муфаттишони Додситонии кулли Озарбойҷон дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро ҷустӯҷу карда ва гуфтаанд, ки бо “амри додгоҳ барои бастани дафтар” омадаанд. Кенан Алиев, мудири бахши озарии Радиои Озодӣ гуфт, ки дасти кам 10 корманди додситонӣ соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ ҳамроҳ бо гурӯҳе аз афсарони мусаллаҳи пулис ба дафтар омадаанд.
Онҳо тақрибан 20 корманди дафтари Радиои Озодиро ба маҷлисгоҳи дафтар дароварда талаб карданд, ки санадҳо ва ҳуҷҷатҳои хусусии кормандонро ба онҳо бидиҳанд. Ба гуфтаи Кенан Алиев, муфаттишон тамоми дафтарро кофтуков карда ба хабарнигорон гуфтаанд, ки компютерҳои дафтарро мусодира хоҳанд кард. Ба гуфтаи муфаттишон, амри додгоҳ ба тафтиши фаъолияти бахши озарии Радиои Озодӣ, ки ҳамчун муассисаи хориҷӣ сабти ном шудааст, марбут аст. Дастрасӣ ба интернет, телефони мобил ва дигар воситаҳои мухобирот қатъ шудааст.
Додситонии Озарбойҷон айни коррро дар солҳои гузашта бо созмонҳои хориҷии IREX, ОКСФАМ ва Пажӯшишгоҳи Демократияи Амрико дар Боку анҷом дод ва баъдан ин се созмон дар Озарбойҷон баста шуд. Ҳисоби IREX-ро моҳи сентябри имсол ба гуфтаи мақомот дар робита ба таҳқиқи як “парвандаи ҷиноӣ” бастанд. Се ҳафта пештар аз ин Хадиҷа Исмоилова, хабарнигор ва ҳамкори Радиои Озодиро бо иттиҳомоте, ки ба кораш робита мегирад, барои ду моҳ боздошт карданд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, гӯё Хадиҷа яке аз хабарнигорони собиқи Радиои Озодиро ба худкушӣ ташвиқ кардааст. Аммо тарафдорони Хадиҷа мегӯянд, ки ин иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад.
Созмони Афви Байналмилал ҳам гуфтааст, ки Хадиҷа Исмоилова фақат “барои истифодаи ҳаққи худ ба озодии баён” боздошт шудааст. Рӯзи 17-уми декабр додситонии Боку ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку нома фиристода хостааст, ки санадҳои корӣ ва санадҳои маоши Хадиҷа Исмоилова ҳамкори собиқашро ба додситонӣ бидиҳанд.
Аввали моҳи декабр Ромиз Маҳдиев, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон, бо нашри як баёнияи 60 саҳифагӣ Хадиҷа Исмоиловаро ба он муттаҳам кард, ки гӯиё ба намояндагони мӯътабари ҷомеаи Озарбойҷон назари бад дорад ва дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро ба он муттаҳам кард, ки гӯиё барои “хадамоти ҷосусии хориҷӣ” кор мекунад. Дар Озарбойҷон вақтҳои ахир фишор ба мунтақидони ҳукумат зиёд шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад