Компютерҳои хомӯши мактабҳои Хатлон

Шогирдону омӯзгорони мактабҳо дар вилояти Хатлон аз амалан сурат нагирифтани фанни технологияи компютерӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо Идораи маориф ва илми вилояти Хатлон мегӯяд, онҳо талош доранд, ки то ин дарс сари вақт таълим дода шавад.

Ахиран бо ворид шудани даҳ компютер ба яке аз мактабҳои ноҳияи Ҷиликул, хушҳолии хонандагонро ҳадду канор набуд. Ҳусейнҷон, хонандаи синфи 10-и ҳамин мактаб рӯзи душанбеи 1 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хушҳолии онҳо дер напоид, зеро ба сабаби набудани барқ компютерҳо аз сӯи хонандагон истифода нашуданд. Ин гуна вазъ дар аксари мактабҳои манотиқи вилояти Хатлон ба чашм мехӯрад. Зеро бо вуҷуди он ки мактабҳо бо компютерҳо муҷаҳҳаз шудаанд, аммо дарсҳои амалӣ дар ин маврид сурат намегирад.

Сурайё, модари Ҳусейнҷон таасуф аз он мехӯрад, ки дар замоне, ки мактабачаҳо дар шаҳрҳои пешрафта ихтироъкорӣ мекунад, аммо писари ӯ одитарин кор бо компютерро намедонад. Холаи Сурайё, гуфт, ки борҳо ба омӯзгорон муроҷиат кардааст, вале ин амр натиҷа надодааст, чун омӯзгорон маҳз, сабаби бебарқиро далели истифода нашудани компютерҳо арзёбӣ кардаанд:

“Талабаҳо дар мактаби мо дарсҳои компютериро намеомӯанд, чун барқ нест. Панҷ моҳ аз тирамоҳ то охири замистон дар деҳа барқ нест, ки бачаҳо омӯзанд, дар телевизион мебинад. Намедонем, ки бачаҳои мо дар оянда чӣ кор мекунад, чун аз ин фан қафо мондаанд. Охир омӯзгорон бегуноҳ ҳастанд, чун барқ нест, ки ба фарзандони мо дарс диҳанд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки волидайни хонандагон мегӯяд, ки онҳо дар мактабҳо синфхонаҳои махсуси компютериро мебинанд, аммо фарзандонашон қариб, ки дар тӯли соли таҳсил ин навоварии замони муосирро намеомӯзанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Дилбара, омӯзгори фанни технологияи компютерӣ дар ноҳияи Вахш мегӯяд, дар ҳақиқат хонандагон барои омӯзиши компютер таваҷҷуҳи зиёд доранд, аммо: “Барқ нест, бачаҳои дарс намехонад, дар деҳаи мо барқро шом ду соат медиҳанд, ки компютерҳои мо дам мегиранд, дониши техналогӣ гирифта наметавонад, чун онҳо дар мактаби мо танҳо компютерҳоро тамошо мекунанд.”

Ҳарчанд шогирдону омӯзгорони мактабҳо дар вилояти Хатлон аз амалан сурат нагирифтани фанни технологияи компютерӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо Идораи маориф ва илми вилояти Хатлон мегӯяд, онҳо талош доранд, ки то ин дарс сари вақт таълим дода шавад.

Акмал Сафаров, як масъули идораи маъориф ва илми вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар вилоят 12 ҳазору 89 синфхона, 280 ҳазору 990 хонандагони синфҳои ҳафт ва 11 дарс мегӯяд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд будааст. Бо 18 ҳазору 448 адад компютер таъмин шудаанд, ки ба як компютер 16 хонанда рост меояд.”

Ҳамзамон масъулони идораи маориф ва илми вилояти Хатлон мегӯянд, барои беш аз як ҳазору 200 мактаби таҳсилоти миёна, ки дорои компютер мебошанд, ҳудуди 800 моторбарқ ё генераторҳо тақсим шудааст, ки метавонанд, дар фасли тирамоҳ ва зимистон дарсҳои технологияи компютериро гузаронанд.

Аммо омӯзгорони чанд мактаб мегӯянд, ки бо истифодаи моторбарқҳо компютерҳоро корфармондан душвор аст, чун дар бархе аз маворид компютерҳо корношоям гардиданд. Маҳмадулло Зарипов, директори мактаби рақами 11-иноҳияи Вахш мегӯяд: “Движок дорем, агар пул дошта бошем ҳаракат мекунем, ки аз генератор истифода кунем, техника ҳаст, ки вайрон мешавад, ки дурусташ мекунем.”

Ба ин тартиб истифода аз компютерҳо танҳо дар марказҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон, ки бо неруи барқ таъмин ҳастанд, мумкин аст. Аммо дар деҳот, ки барқ нест, ба гуфтаи омӯзгорон танҳо барои “фиреби назарҳо” дар рӯзи ҷаласа ё омадани меҳмонон компютерро ба намоиш мегузоранд. Зимнан, мактабҳои вилоряти Хатлон ба 261 адад компютери дигар ниёз доранд.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар сурати имкони истифодаи компютерҳои мавҷуд дар мактабҳо, то андозае сатҳи дониши хонандагон ба фановариҳои муосир боло мерафт ва ин амр омили ҷилавгирии ҷавонон аз корҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мегардид.