Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 21 ноябр дар нишасте дар парлумон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир 300 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои минтақаи Ховари Миёна ширкат доранд, ки масири аслии рафтани онҳо ба он кишвар, тариқи Русия ва Афғонистон мебошад.
Акрам Амонов, муовини раиси КДАМ аз ҷумла гуфтааст, ки дар шаҳри Маскав минтақае бо номи “Проспект мира” вуҷуд дорад, ки аз онҷо ҷангиёнро ба Сурия мефиристанд: "Дар масҷиди "Проспект мира" ҷавонон ҷамъ шуда ва аз онҷо ба Сурия фиристода мешаванд."
Мақомоти Тоҷикистон то кунун шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия меҷанганд, ҳудуди 200 нафар мегуфтанд. То кунун, бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад дар он кишвари дури арабӣ дастикам 50 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси Маҷлиси намояндагон аз фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия интиқод кард. Шукурҷон Зуҳуров, рӯзи ҷумъаи 21 ноябр зимни баррасии иҷрои буҷаи Тоҷикистон вобаста ба татбиқи қарори ҳукумати ин кишвар аз 4 октябри соли 2011 “Дар бораи стратергияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷа барои солҳои 2011 2015" дар парлумон аз фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия интиқод кард.
Ҷаноби Зуҳуров, гуфт, ки “кори намояндагии Хадамоти муҳочират дар Русия хуб нест ва шикоятҳо низ зиёд аст. Ҳамчунин хабарҳо дар бораи маргу мир ва поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиёд аст. Бештари муҳоҷирон берун карда мешавад.”
Ба ин далел раиси Маҷлиси намояндагон аз Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия пурсид, ки ин хабарҳо аз куҷо маншаъ мегиранд? Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар посухи ин суол гуфт, ки “ин гуна хабарҳо умадатан аз ҷониби Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷики муқими Русия ва Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши умумирусиягии муҳоҷирон паҳн мешаванд, ки дар бештари маворид беасосанд."
Аммо Шукурҷон Зуҳуров хитоб ба раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки “намояндагии шумо дар манотиқи мухталифи Русия фаъолият мекунад ва бояд маълумоти аввалро дар бораи ҳаёту фаъолияти муҳоҷирон дар даст дошта бошед, то битавонед зуд онро пайгирӣ ва муҳоҷиронро кӯмак кунед."
Ин буд, ки Асрор Одинаев гуфт, ки “дар ҳақиқат муҳоҷирони тоҷик бештар дар Маскав ва Екатеринбург ҳастанд ва ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананду берун карда мешаванд. Ба ин далел мехоҳем то теъдоди ин муҳоҷирон кам шавад ва шаҳрвандони мо ба дигар манотиқ ба муҳоҷират раванд”.
Ҳамзамон ҷаноби Одинаев таъкид кард, ки намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 1700 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кор таъмин кардааст. Аммо Шукурҷон Зуҳуров ин теъдодро ночиз хонд ва гуфт, ки “шумо бояд 170 ҳазор нафарро бо ҷои кор таъмин кунед!”.
Раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон аз он изҳори таассуф кард, ки “мутаассифона имрӯз муҳоҷирони тоҷик ҳамчун фишанги фишор барои иҷрои баъзе масъалаҳо дар Русия истифода мешаванд.”
Интиқод аз фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дар ҳолест, ки ин ниҳод дар 12 минтаҷа короманди худро дорад ва вазифаи он ҳифзиу ҳимояи ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аст.