Чор медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия

Бахтибек Каримов.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои умумӣ дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Русия чор медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои умумӣ, ки аз 10-ум то 17-уми ноябр дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Русия баргузор шуд, 4 медал ба даст оварданд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ байни бузургсолон ҳудуди 300 варзишгар аз 36 кишвар ширкат дошт.

Ба иттилои раиси Федератсияи муҳорибаҳои умумии (Unifight) Осиё Собир Каримов, ки ҳамзамон раиси Федератсияи муҳорибаҳои умумии (Unifight) Тоҷикистон мебошад, се варзишгари тоҷик дар муҳорибаи умумии “лайт” рақобат карда, бо 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Бахтибек Каримов дар вазни то 65 кило ду медал – як нишони нуқра ва як нишони биринҷӣ - ба даст овард. Маҳмуд Қурбоналиев дар вазни то 80 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Баҳриддин Сироҷов дар вазни то 85 кило медали биринҷӣ гирифт.

Инҳо ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуданд: байни мардон – Гиунашвили Лаша (то 60 кг, Гурҷистон), Нижарадзе Сосо (то 65 кг, Гурҷистон), Қурбонов Охран (то 70 кг, Озарбойҷон), Алиев Наҷот (то 75 кг, Озарбойҷон), Капанадзе Бекари (то 80 кг, Гурҷистон), Костоев Алберт (то 85 кг, Русия), Тонкодубов Иля (то 90 кг, Русия), Салмин Алексей (то 95 кг, Русия), Василев Евгений (+95 кг, Русия).

Дар сабқати занон дар ҳамаи вазнҳо варзишгарони Русия - Байкова Татяна (то 48 кг), Котова Юлия (то 52 кг), Сафронова Олга (то 57 кг), Асеева Олеся (то 63 кг), Крюкова Олга (то 70 кг), Алипова Олеся (то 78 кг) ва Кулбабенко Татяна (+78 кг) – ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Гурҷистон ҷойи дувум ва мунтахаби Озарбойҷон ҷойи севумро азони худ карданд.