Ба навиштаи рӯзномаи туркии "Ҳуррият", раиси ҷумҳури Туркия, ки рӯзи 15 ноябр дар маросими поёнии нахустин ҳамоиши раҳбарони мусалмонони Амрикои Лотинӣ дар Истанбул суханронӣ мекард, гуфт, ки ин мусалмонон буданд, ки нахустин бор ба Амрико қадам гузоштанд: "Баҳрнавардони мусалмон дар соли 1178 -и милодӣ ба соҳилҳои Амрико расиданд. Христофор Колумб ҳам дар хотироташ аз масҷиде навишта, ки дар баландии теппае дар Куба қарор дошт."
Раиси ҷумҳури Туркия дар бахши дигар аз суханрониаш зимни интиқоди шадид аз "истеъморгарон", хотироти рӯзонаи Христофор Колумбро санаде донист, аз ин ки ба ҳангоми кашфи ҷаҳони нав дар соли 1492 -и милодӣ аз сӯи аввали кашфкунандаи аврупоӣ, "дини ислом минтақаи васееро дар бар мегирифт."
Доктор Юсуф Марва, аз Бунёди "Ас-Сунна"-и Амрико касе аст, ки аввалин бор иддао кард, пеш аз вуруди Христофор Колумб ба қитъаи нав, масҷиде дар Куба вуҷуд дошт. Вай дар соли 1996 навишта буд, "Колумб дар ёддоштҳояш эътироф кард, ки рӯзи душанбе, 21 октябри соли 1492 вақте киштии ӯ дар наздикии Гийбора дар соҳили шимол-шарқии Куба ҳаракат мекард, масҷиде болои як кӯҳи зебо дидааст."
Зоҳиран манзури Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз "теппа", ҳамон кӯҳе аст, ки Колубм ба он ишора кардааст.
Бо вуҷуди идомаи баҳсҳо бар сари ёддошти Колумб, Эрдуғон рӯзи 15 ноябр эълом кард, ки Туркия мехоҳад дар Куба як масҷид бисозад: "Ин ки сари суханам бо бародари кубаиам аст (намояндаи Куба дар ҳамоиш), имрӯз ҳам вуҷуди як масҷид дар баландии он теппа зебо хоҳад буд. Иҷозаи онҳо кофӣ хоҳад буд, ки Туркия масҷиде дар он маҳал бино кунад."
Оқои Эрдуғон дар идомаи суханронии худ гуфт, "маҷбур кардани мардум ба тағйири дин ба василаи шамшер ҳаргиз дар ислом вуҷуд надошт. Дини мо ҳеҷ гоҳ абзори истисмор набудааст. Аммо касоне, ки Амрикоро барои тиллои он ва Африқоро барои алмосаш истеъмор карданд, имрӯз низ ҳамон тарҳи касифро барои нафти Ховари Миён дунбол мекунанд."
Дар моҳи апрели соли равон ҳайате аз тарафи Маркази мудирияти кулли бунёди умури динии Туркия ба Куба сафар кард, то дар бораи тарҳи бунёди масҷид барои Маркази таърихии Гавана музокира кунад. Мақомҳои Куба ҳеҷ баёнияти расмӣ дар бораи ин тарҳ мунташир накардаанд.
Рӯзномаи "Замон" низ зимни интишори суханони ахири Эрдуғон навишт, мусалмонон дар Куба, ки яке аз кишварҳои камшумори коммунистӣ дар ҷаҳон ва дорои ақалияти мусалмонӣ аст, аз муддатҳо шикоят мекунанд, ки барои анҷоми дастаҷамъии фароизи динии худ маконе надоранд. Ин рӯзнома ба нақл аз расонаҳои Туркия навиштааст, ки мақомҳои Куба дархости бунёди умури динии Туркияро радд кардаанд.