Тоҷик кист (?!) ва маънии тоҷик чист?! Шояд фикр кунед, ки ман таърихшинос ё забоншинос ҳастаму аз донишу малакаи донандагии худам шуморо огаҳ карданиям. На, намедонам бадбахтона аст ё хушбахтона ин тур нест. Зери ин саволи хитобдор мехоҳам ба хонандаи сатрҳо чанд калимае дарди дил кунам. Ин ҳам ба он хотир аст, ки ба мисли ҳазорҳо ҳаммиллатони ман дар шиносномаам зери акс ва исмам «Тоҷик» нигошта шудааст. Имрўз дар замони ҷаҳонишавӣ агарчи дар харитаи ҷаҳон ҳарчанд хурд бошад ҳам мазраи тоҷикнишин намудор аст, аммо афсус, ки чашми ҷаҳониён мардуми онро бо як нимнигоҳ мебинанд. Шояд сабаб он бошад, ки мо ба нигоҳи пурраи онҳо арзанда нестем?!
Барабас бар туи бемеҳртарин таъна задам,
Ки чаро дўст надориву накардӣ ёдам.
Худ сазовор набудам, ки маро ёд кунанд,
Ба муридӣ нарасидам, ки диҳанд иршодам.
Шояд сабаб ҳамин бошад ё не (?!) дар сатрҳои поён бо мисолҳои мушаххас аниқ хоҳад гардид. Дар баробари ин имрўз хушбахтона аз шумори давлатҳои пурқудрати ҷаҳон Федеретсияи Русия моро ба таври бояду шояд мешиносад. Аммо….. Аммо бадбахтии ин шиносоӣ дар он аст, ки мардуми рўшанфикру қаламбадасти тоҷикро чун «Равшану Ҷамшуд» ва дар даст дорандаи «путку болғаву каланду дос» шинохтанд. Нишонаи барҷастаи ин шиносоӣ дар барномаҳои тамасхуромези телевизионҳои Русия дар симои «Равшану Ҷамшуд» ва қад барафрохтани пайкараи ду се «тоҷик» бо путку болғаву ашёи сохтмонӣ дар маркази шаҳри Маскав аст.
Ҳама ин беэхтиромиҳо аз чӣ маншаъ мегирад? Ба таъбире «Зи худост ё худи мост»? Ба гумони ағлаб ин зи худи мост, чунки худованд ҳам ба кору пайкори бандааш нигоҳ карда, ҷавобашро мегардонад.
…Нарасида бар худимон, нарасем бар худомон,
Чӣ касем дар ду дунё? Ту напурсу ман нагўям…
Бузурге мегўяд: «Касе, ки худашро мешиносаду эҳтиром мекунад, дигарон низ ўро чунин хоҳанд шинохт». Яъне ҳадафи аслии навиштани ин дардкалимаҳои ман низ аз ҳамин иборат аст. Ҳарчанд, ки аз худшиносии милливу ҳуввияти хештаншиносӣ қилу қоли зиёде мегўем, аммо наҳамеша гуфтаҳои хешро дарк менамоем.
Имрўз дар дохили кишвар, байни гуфтугузорҳои ҳаммилатони мо вожаҳое вуҷуд доранд, ки хандаҳои гиряолуд дорад. Ба монанди « ана ина тоҷик мегўянд», «тоҷика кораша бин ё тоҷика бин», «тоҷик-дия», «ақлу фаросати тоҷикамба гардамдия ё ба ақлу фаҳми тоҷикумда гардум», «тоҷикиш мекунем ё варианти тоҷикишда мегардонем» ва даҳҳои дигар мисолу ба қавле ибораҳои навсохти дигарро дарёб кардан мумкин аст, ки дар дохили маънии ин калимаҳои «пур аз фахр» ҳазор «тамасхур» ҳувайдост.
Имрўз агар нафаре аз ҳаммилати мо кори аз нигоҳи мантиқ берунро ба амал расонад ё рафтори дар доираи ақл ҷой намегирифтагиро кунад, ана ҳамон ибораи дар боло зикршударо ҳатман мегўяд. Масалан:
-Агар мусофирон дар назди истгоҳ ба мобайни кўчаи нақлиётгузар баромада микроавтобусро манъ кунад, ҳатман ронандаи нақлиёти мусофиркаш «ҳеҳ, кори тоҷика бин» мегўяд.
-Агар дар дохили микроавтобус аз меъёри муқарраргардидаи ҷойи нишаст 10-15 одам зиёд бошаду ронандаву ёрдамчии он (пулчинак ё кассир) боз ҳаракати дигар мусофирони дар қади роҳ истодаро гирифтанӣ шаванд, ҳатман аз дохили нафарони дар дохили микроавтобус буда чунин садо баланд мегарданд: «Акаи ронанда аку мо «тоҷикем» гуфта мисли ҳайвон одамҳоро савор кардан мегирӣ?
-Агар дар болои бинои 9-ошёна, ки онҳо аз рўи қоидаву қавонини сохтмонӣ тамоман зиндагӣ кардан номумкин бошаду нафаре аз мову шумо се -чор хона бисозад, ҳатман ҳамсояҳо ва дигар одамони бохабаршуда луқма мепартоянд: «Ана ина тоҷик мегўянд» ё «ақлу фаросати тоҷикамба гардамдия ё ба ақлу фаҳми тоҷикумда гардум».
-Агар таҷҳизотеро аз давлатҳои сифати коркардашон баланд харидорӣ намоему онро истифода кардан натавонем ва аммо хоҳем, ки ба ҳар тарзе бошад истифода кунем (шояд ба ҳолатҳои садамавии сўхтор ё дигар қоидаи барқӣ ҷавобгў набошад ҳам), ҳатман мегўем: «Тоҷикиш мекунем ё варианти тоҷикишда мегардонем».
Ингуна мисолҳо аз ҳудуди ададу шумора берун ҳастанд, аммо аз овардани он метарсем, ки баногаҳ дигар «тоҷикон»-и намедонистагӣ бохабар шаванду онҳо чунин ибораҳои «пур аз фахри тамасхуромез»-ро истифода баранд.
Ман бо ин нигоштаҳои парокандаам аз ҳаммилатони хеш даъват ба амал меорам, ки аввал мо бояд худро шиносему ба маънии калимаи «тоҷик» (тоҷвар, тоҷдор, соҳибтахту тоҷ) новобаста аз вазъи иқтисодию шароити номувофиқ (ки он ҳам ҳатман як рўз не як рўз беҳ мешавад) сарфаҳм равем ва нагузорем, ки ҳам худию бегона аз ин калима ибораҳои тамасхуромез бисозад. Боқӣ ба ин сатрҳои хеш бо як ғазали «тамасхуромез»-и устод Лоиқ Шералӣ иктифо мебахшам:
Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагўяд, фахр кун,
Ҷавҳари худ-асли худро гар наҷўяд, фахр кун.
Гар раҳи анбор пўяд ё раҳи бозору пул,
Роҳи истиқболи миллатро напўяд, фахр кун.
Дар Бухоро то кунун аллома мерўид агар,
Баъд аз ин ҳар лаҳзае узбак бирўяд, фахр кун.
Дар Самарқанд аз гулистони шукўҳи ориён,
Тоҷике гар атри озодӣ набўяд, фахр кун.
Чун дигар фахре надорӣ аз худу аз буди худ,
Номат ар таърих аз матнаш бишўяд, фахр кун.
Лоиқе гар дар ғами миллат бимирад, ҷашн гир,
Мў ба мўяш гар аз ин ғам хун бишўяд, фахр кун.