Шарҳи расмии қонуни афв

Дӯст дорад авфро Парвардигор- қабули қонуни авф аз сӯи Парлумон

Душанбе, 29.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар 29 октябр лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ ва қабул намуд.
Лоиҳаи Қонуни мазкурро дар назди вакилон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода шарҳ дода, зикр намуд, қонуни авф нисбат ба 10 000 нафар гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мешавад. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.
Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» доираи шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синн, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.
Тибқи лоиҳаи қонуни авф шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод мешаванд.
Ҳамчунин аз адои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ занон, ноболиғон, мардони синнашон аз 55 боло, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қадр гардидаанд, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод мешаванд.
Ба ғайр аз ин маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъйиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд.
Инчунин тибқи лоиҳаи қонуни авф пешбинӣ гардидааст, ки аз адои ҷазо тамоми занон ва ноболиғон озод карда шаванд, ба истиснои занону ноболиғоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм, хиёнат ба ватан, тахрибкорӣ, ҷосусӣ, ташкили созмонҳои экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир намудаанд. Дар ин маврид заноне, ки ҷиноятҳои одамкуширо дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ содир кардаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазои таъйиншударо адо кардаанд, онҳо низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд. Ҳамчунин шахсоне, ки ба муҳлати зиёда аз 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда, аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар онҳо ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд.
Шахсоне, ки нисбат ба онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ таъйин шудаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҷосусӣ, таҳрибкорӣ ва ҷиноятҳои ба терроризм алоқамандро содир намудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.