Раиси ФИФА «Истиқлол»-ро бо пирӯзиаш табрик кард

Йозеф Блаттер, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), дар як номаи худ ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо пирӯзии пешакиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик кардааст.

Йозеф Блаттер, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), дар як номаи худ ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо пирӯзии пешакиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик кардааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар номаи Блаттер, аз ҷумла, омадааст: «Мӯҳтарам раис, дӯсти азиз, Рустами Эмомалӣ! Лутфан, табрикоти гарму ҷӯшони маро ба клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе бинобар ғалабаи пешакиаш дар чемпионати Тоҷикистон бирасонед. Ин ғалабаи тамоми даста аст. Бинобар ин таманниёти самимонаи маро ба ҳамаи бозигарон, мураббиён, кормандони техникиву тиббӣ, инчунин, ба мухлисони даста, ки бешак, дар пирӯзии бошгоҳи худ саҳми муҳим гузоштаанд, бирасонед. Аз номи аҳли ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ ба «Истиқлол»-и Душанбе барои бозии зебо баҳри мухлисонаш ташаккур гуфта, ба онҳо дар оянда барори кор ва муваффақият мехоҳам.»

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», ки рӯзи 19-уми октябр дар даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими «Хучанд»-и Хучанд бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» барои севумин бор бо медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон мукофотонида мешавад. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010 ва 2011 ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуда буд.