Эътирозгарон муҷозоти хабарнигорони нашрияи англисизабони Кобулро талаб карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Кобул гурӯҳе бар зидди хабарнигорони як нашрияи англисизабон садо баланд карда, тақозо намуд, ки масъулони ин нашрия, ки ба тавҳини ислом роҳ додаанд, муҷозот шаванд. Сарбадири нашрия бо маъзарат иброз дошт, ки аснои нашри мақола хато ҷой доштааст, вале эътирозгарон узри ӯро қабул надоранд.