Талоши футболбозони наврас барои Ҷоми Султон Мирзоев

Рӯзи 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, шурӯъ шуд.

Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, рӯзи 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Ташкилкунандагони мусобиқа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе мебошанд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раҳбарӣ мекунад, доир шудааст.

Дар маросими кушоиши мусобиқа устодони машҳури футбол - Сергей Алейников, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян ва мураббии маъруф Шариф Назаров ширкат доштанд. Аз номи собиқадорони футбол Сергей Алейников, собиқ нимҳимоятгари мунтахаби СССР ва «Динамо»-и Минск, инчунин, «Ювентус»-и Италия, инчунин, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Раҳматшо Камолов ба футболбозони наврас комёбиҳо орзу карданд.

Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, ки бо ибтикори ӯ аз соли 1999 то кунун ин мусобиқа барои бори шонздаҳум баргузор шудааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи ин мусобиқа рушди футбол миёни наврасон, дарёфти футболбозони моҳир ва ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар шомил кардани онҳо мебошад. Умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд.»

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ то 24-уми октябр идома меёбад, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд (Исфара), шаҳри Душанбе (се даста), шаҳру навоҳии тобеи марказ (Ваҳдат), инчунин, дастаи Қарғизистон (шаҳри Ӯш) иштирок доранд.

Ҳашт дастаи ширкаткунандаи мусобиқа ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 24-уми октябр баргузор мешавад, барои Ҷом мубориза мебаранд. Қабл аз бозии ниҳоӣ дастаҳои дар нимфинал мағлубшуда барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.