Парванда алайҳи як зани суғдӣ, ки ба ҷанги Афғонистон рафтааст

Додситонии вилояти Суғд алайҳи як зани сокини ноҳияи Спитамен, ки бо 2 кӯдакаш ба хотири иштирок дар ҷанг ҳамроҳи ҷавоне аз Русия ба Афғонистон рафтааст, парванда боз кардааст.

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, Ш. М., зани 36-солаи ноҳияи Спитамен, ки ҳамроҳи шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд, дар охири соли 2013 даъвати як ҷавони ҳамноҳияаш, ки ба қавли додситонӣ, бо созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” иртибот доштааст, шавҳари худро канор мегузорад ва ҳамроҳи он ҷавон роҳ сӯи Афғонистон пеш мегирад.

Манобеи додситонӣ аз роҳи Русия–Туркия–Покистон ба Афғонистон рафтани ин шаҳвандони Тоҷикистон ва ҳоло дар қаламрави Афғонистон будани онҳоро муайян кардаанд. Вале додситонӣ ба хотири ҳифзи сирри тафтишотӣ, аз ошкор кардани ному насаби онҳо ва дар кадом минтақаи Афғонистон қарор доштани онҳо дар ҳоли ҳозир худдорӣ меварзад.

Парванда алайҳи Ш. М., зани сокини ноҳияи Спитамен ва ҷавони ҳамроҳаш аз ин маҳал 26 августи соли равон аз ҷониби додситонӣ мутобиқи бандҳои 187–таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва 401, иловаи 1 – иштироки ғайриқонунӣ дар ҷангу задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишвари хориҷӣ парванда боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад.

Ба маълумоти додситонии вилояти Суғд, Ш.М. аз ҷумлаи 49 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон будааст, ки дар 9 моҳи аввали соли равон нисбат ба онҳо дар иртибот бо фаъолияташон дар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва террористӣ парвандаҳо боз шудааст.

Мақомоти тоҷик аз ин қабл низ аз ҳузури шаҳрвандони ин кишвар, ки дар суфуфи неруҳои мухолифи давлати Афғонистон меҷанганд, хабар дода буданд. Гуфта мешавад, ки ин афрод ҷузъе аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ мебошанд, ки тамринони низомиро ибтидо дар Вазиристони Покистон гирифта ва сипас дар амалиётҳои низомӣ дар хоки Афғонистон алайҳи нерӯҳои зътилофи байналмилалӣ ва афғон ширкат мекунанд.

Давлати Тоҷикистон ахиран барои ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳо дар кишварҳои дигар бахусус ҷангҳои мазҳабӣ, бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ барои ҳузур дар ингуна муноқишаҳо ҷазои сангине муқаррар кард. Дар ин кодекси ислоҳшуда, ки баъди имзои раиси ҷумҳур дар моҳи августи соли ҷорӣ ҳукми иҷро гирифт, банди иловагӣ зери рақами 4011 изофа кардаанд, ки бад ин мазмун аст: “Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”.

Бар асоси ҳамин банди қонун аз ин пас ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ё ҳар хориҷӣ, ки ҳаққи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро дорад, барои ширкат дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар хориҷ аз кишвар аз 12 то ба 20 сол ба зиндон маҳкум мешавад. Айни ҷазоро онҳое низ мегиранд, ки дар фиристодани ҷавонони тоҷик барои ҷанг ба хориҷ ва ё ҷалби ин ҷавонон ба воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунии хориҷӣ мусоидат мекунанд. То кунун дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон чунин банду чунин ҷазо вуҷуд надошт ва ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия ҳукумату порлумонро водор кард, ки кодексро ислоҳ кунад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро охири моҳи май қабул кард ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ин санадро рӯзи 26-уми июл ба имзо расонд.

Ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои хориҷӣ, чӣ дар Сурия, чӣ дар Афғонистон ва Покистон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Тоҷикистон шудааст, зеро онҳо бим доранд, ки ин ҷавонон зери таъсири ақоиди бегонаву ифротӣ монда метавонанд, ба кишвар бармегарданд ва дар инҷо ҳам ҷангу харобкорӣ мекунанд.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД