ИМА хостори баргузории нишасти оҷили Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншании вабои Эбола шуд. Ба иттилои намояндаи доимии ИМА дар СММ Саманта Пауэр, ин нишаст рӯзи 18 сентябр баргузор мешавад. Амрико моҳи сентябр раёсати даврии Шӯрои амниятро бар дӯш дорад.
Ба гуфтаи хонум Пауэр, ИМА аз кишварҳои узви СММ даъват кард, алайҳи паҳншавии маризии марговар, ки бар асари он дуву ним ҳазор нафар сокини се кишвари Африқои Ғарбӣ – Либерия, Сиерре-Леоне ва Гвинея ба ҳалокат расидаанд, аз чораҳои мушаххас кор бигиранд.
Саманта Пауэр афзуд, агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин вазъи бӯҳронӣ аз чораҳои фаврӣ кор нагирад, як насли Африқои Ғарбӣ аз имкони рушд маҳрум хоҳад монд.
Даъвати ҷаласаи оҷили Шӯрои амният дар робита ба масоили ҳифзи сиҳат – ҳодисаи нодир аст. Бори ахир ин гуна нишаст соли 2000 бино бар таҳдиди маризии ВИЧ-СПИД баргузор шуда буд.