Гулчини аксҳои ҷолиби ин ҳафтаи Радиои Озодӣ (17 АКС)

Як хонаводаи осебзада аз боронгариҳо дар шаҳри Лоҳури Покистон. Бар асари боронгариҳои шадиди ин ҳафта даҳҳо тан дар Покистон ҷон бохтанд.

Ангишканони маҷруҳ дар шаҳри Зеникаи Босния. Бар асари лағзиш пас аз заминларза панҷ нафар кушта ва 29 тани дигар наҷот дода шуданд.

Нахуствазири Бритониё Давид Камерун (аз чап) ва раиси ҷумҳури Украни Петро Порошенко дар нишасти сарони НАТО дар Уэлс. 4 сентябри соли 2014.

Маросими ёдбуди қурбониёни фоҷеаи Беслан. Даҳ сол қабл бар асари ҳамлаи мардони мусаллаҳи чечен ба як мактаб дар шаҳри Беслани Русия 334 тан, аз ҷумла 186 нафар ҷон доданд ва беш аз 800 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Бар асари ҳамлаи интиҳории Толибон ба як бинои давлатӣ дар Ғазнӣ дар рӯзи 4 сентябр, 13 нерӯи интизомӣ кушта ва беш аз 60 ғайринизомӣ захмӣ шуданд.

Як марди овораи шиа бо номи Муслим Муҳаммад Ҳорис Юсуфи 25-сола бо ҳамроҳи арӯсаш Рим Аҳмади 20-сола -- як духтари суннимазҳаб аз шаҳри Мавсил, ҳангоми маросими издивоҷ дар Бағдод.

Таҷаммӯи мардум дар атрофи як ҳавоипаймои низомӣ, ки дар шаҳри Тобруки Либия сарнагун шуд.

Алексей Диденко, вакили Думаи давлатии Русия дар рӯбари сафорати Амрико дар Маскав ба нишони эътироз аз сиёсатҳои ИМА ба худ оби сард мерезад.

Эътирозгарони зиддидавлатӣ дар Покистон дар маҳзари умум шустушӯ мекунанд.

Як мард дар Маскав дар паҳлӯи нуқтаи мубодилаи асъор. Дар чанд рӯзи ахир қурби рубли русӣ дар баробари евро ва доллар коҳиш ёфт.

Як ҷудоихоҳи тарафдори Русия дар шаҳри Донетск

Зимни як маросим дар рӯзи аввали соли таҳсил дар Киев

Оғози соли нави таҳсил дар Омӯзишгоҳи ҳарбии Суворов дар шаҳри Санкт-Петербург.

Ҷанговарони курд дар баробари ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар минтақаи Дуз- Хурмату дар Ироқ.

Даргирӣ миёни пулиси Покистон ва эътирозгарони зиддидавлатӣ бо раҳбарии Имронхон ва Тоҳир Ал-Қодирӣ дар рӯзи 31 август дар рӯбарӯи бинои парлумон дар Исломобод.

Як зани курд бо фарзанди худ, ки барои муқобила бо гурӯҳи Давлати исломӣ меравад, худоҳофизӣ мекунад

Минтақаи Иловайск дар шарқи Украина.