Пиа Аренкилде-Ҳансен, сухангӯи Комиссиюни Аврупо, рӯзи ҷумъа, дар мусоҳиба бо рӯзномаи Wall Street Journal иқрор намуд, ки расонаҳо сӯҳбати Владимир Путин бо раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозуро таҳриф кардаанд.
Нашрияи "La Repubblica", чопи Рим, рӯзи 1 сентбяр навишт, ки раисиҷумҳури Русия рӯзи 30 август, дар арафаи нишасти ахири Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, ба раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу гуфтааст, "агар ман хоҳам метавонад дар ду ҳафта Киевро забт кунам”.
Хонум Аренкилде-Ҳансен мегӯяд, ки раиси Комиссиюни Аврупо ин суханони Путин дар нишасти пушти дарҳои баста ба сарони Иттиҳодияи Аврупо расонидааст. Аммо бархе аз расонаҳо фақат як бахши гуфтаҳои Путинро оварда, онро таҳриф карданд ва чун таҳдиди Маскав ба Украина ва Иттиҳодияи Аврупо маънидод намудаанд.
Хабаргузориҳои русӣ рӯзи 2 сентбяр бо такя ба ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури сиёсати беруна Юрий Ушаков навишта буданд, ки нашрияҳои ғарбӣ гуфтаҳои Путинро таҳриф кардаанд ва ба он пероҳани тамоман дигар пӯшонидаанд.