Зиндони "мармарии" маркази Душанберо мекӯчонанд (7 АКС)

Зиндони рақами як дар маркази Душанбе ва 300 метр дуртар аз қароргоҳи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ воқеъ шудааст.

Зиндони рақами як дар маркази Душанбе ва 300 метр дуртар аз қароргоҳи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ воқеъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то ду се соли оянда маҳбаси рақами якро аз Душанбе мекучонанд ва маҳбусонро ба зиндони нав мебаранд.

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки зиндони рақами як дар маркази шаҳри Душанберо дар ояндаи наздик мекӯчонанд. Як мақоми вазорат рӯзи 25-уми август гуфт, бо такмили сохтмони бинои зиндони нав дар ноҳияи Ваҳдат 15 километрии шарқи пойтахт, зиндониёни маҳбаси рақами якро ба онҷо мебаранд. Вай гуфт, сохтмони бинои нави маҳбас, дар наздикии зиндони рақами 3/3-и маъруф ба «Кирпичний» идома дорад ва қарор аст, то ду се соли дигар ба анҷом бирасад.

Илҳом Маҳмудов, яке аз намояндагони раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, зиндони нав бар тибқи меъёрҳои нав сохта мешавад ва тамоми шароити муносиби нигаҳдории зиндонҳоро хоҳад дошт. Мақомоти вазорати адлия мегӯянд, ки бинои маҳбаси рақами як дар маркази пойтахт, дар замони шӯравӣ сохта шудааст ва аз нигоҳи амнияту бехатарӣ ва хусусан шаҳрсозӣ вуҷуди он дар дили шаҳр мувофиқ нест. Ба эҳтимоли ғолиб, бар тибқи нақшаи умумии бозсозии шаҳри Душанбе зиндони рақами якро вайрон мекунанд. Зиндони мазкур тақрибан 300 метр дуртар аз қароргоҳи дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар кӯчаи Парвин воқеъ шудааст. Дар ин кӯча раҳбарони аввали Тоҷикистон ва мансабдорони собиқи баландпояи кишвар хона доранд. Дар гирду атрофи он сафоратхонаҳои хориҷӣ низ воқеъ шудаанд.

Дар дохили ин зиндон боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар он афроди шинохтае ба мисли генерал Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократ ва Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистонро нигаҳ медоранд.

Маҳбаси рақами як замоне бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва аз ҷумла матбуот қарор гирифт, ки чор сол қабл шаби 23 августи соли 2010-ум 25 маҳбуси боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар дохили бинои ҳамин зиндон қарор дорад фирор карданд. Дар байни онҳо 4 нафар шаҳрванди Русия, чор афғон, ду шаҳрванди Узбакистон ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Дар амалиёти ҷустуҷӯи фирориён 17 нафар боздошт шуданд ва 4 каси дигар кушта шуданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди фирори 25 зиндонӣ генерал Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз мақомаш барканор кард ва муовини дигари ӯ Саймуъмин Ятимовро раиси нави кумитаи амнияти миллӣ таъйин кард.

Бино бар омори расмӣ, теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон наздик ба 11 ҳазор нафар аст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки шароити нигаҳдории зиндониён дар Тоҷикистон тарснок аст ва садҳо нафар дар ин маҳбасҳо ба бемории сил ва вируси норасоии масунияти бадан гирифтор мешаванд ва баъзе аз онҳо мемиранд.

Зиндони "мармарии" Душанбе мебардоранд