Чин дар Олимпиадаи наврасон пешсафи ягона аст

Аниса Замирова, камонвари ҷавони тоҷик.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин дар ҷойи аввал қарор дорад.

Баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо 31 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.

Мунтахаби Русия бо 20 медали тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Украина бо 6 медали тилло, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Маҷористон (6-6-7) дар зинаи чорум, Итолиё (6-6-4) дар зинаи панҷум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6-1-6) дар зинаи шашум ҷойгир шудаанд. Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 54 нишон пешсаф мебошад. Русия бо 46 медал дар ҷойи дувум ва Олмон бо 21 медал дар ҷойи севуманд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон 8 варзишгар дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ - дохиланд. Панҷ варзишгари тоҷик сабқати худро ба анҷом расонда, аз медалҳои Бозиҳои дувуми олимпии наврасон бенасиб монданд. Нахуст Фаррухи Салим, паҳлавони тоҷик, дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис шикаст хӯрд. Баъдан вай дар ду қувваозмоӣ бар Маттиас Куусик аз Эстония ва Ҷозе Басили аз Бразилия пирӯз шуд. Вале Фаррух дар қувваозмоии чорумаш аз Луис Криебер-Гагнон аз Канада мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 9-умро касб кард. Дар ин вазн ҳамагӣ 21 варзишгар ширкат дошт. Михаил Иголникови русиягӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тамази Киракозашвили аз Гурҷистон ғолиб омад, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид. Франк Де Вит аз Ҳолланд ва Иван Силва Моралес аз Куба ҷойҳои севумро гирифтанд.

Баъдан варзишгари дигари тоҷик Ҷаъфар Шерматов дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр бо 521 имтиёз дар байни 20 нафар дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд. Дар ин навъи тирандозӣ аз таппонча Павио Коростилёв аз Украина ғолиб шуд. Чёнчёнг Ким аз Кореяи Ҷанубӣ ҷойи дувум ва Эдуард Дортомб аз Фаронса ҷойи севумро гирифтанд.

Сипас варзишгари навраси тоҷик Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр миёни духтарон рақобат кард. Вай бо натиҷаи 10 дақиқаю 11,6 сония дар байни 20 нафар ҷойи 15-умро соҳиб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт. Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Меҳрангез аз ин пеш 10 дақиқаю 31 сония буд.

Инчунин варзишгари Тоҷикистон Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод миёни духтарон бо натиҷаи 31,94 сония дар байни 48 нафар ҷойи 42-юмро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Аниса Замирова дар камонварӣ бо 599 имтиёз дар байни 32 нафар ҷойи 29-умро гирифт. Сипас ӯ дар сабқати инфиродӣ дар даври хориҷшавӣ аз рақибаш Алисия Марин (Испания) бо ҳисоби 0-6 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Ба ин тартиб, боз се варзишгари дигари тоҷик - гуштигирон Равзатуллоҳ Исоев, Тоҳирҷон Охонов ва Фирӯз Ёқубов - дар Олимпиадаи Нанҷинг рақобат мекунанд.

Ҷадвали ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин

25-уми август. Равзатулло Исоев, гуштии юнониву румӣ, вазни то 42 кг.

25-уми август. Тоҳирҷон Охонов, гуштии юнониву румӣ, вазни то 85 кг.

27-уми август. Фирӯз Ёқубов, гуштии озод, вазни то 100 кг.