Бӯрӣ Каримов, раиси Госплани Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ мегӯяд, ҳанӯз ҳақиқати ҳаводиси норомиҳои солҳои 90-ум гуфта нашудааст ва бояд ин ҳақиқатро фош кард ва насли ҷавонро аз он бояд огоҳ намуд. Бӯрӣ Каримов рӯзи 22 август дар Душанбе дар доираи барномаи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» дар ҳузури коршиносону хабарнигорон сӯҳбат кард шуд ва ба ин нуқта таъкид намуд.
Вай гуфт, аслан даъвои курсии прездентӣ, вазирӣ, депутатӣ надорад ва танҳо мехоҳад ҳақиқати ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин ба таври мунсифона таҳқиқ ва ба ҷомеа пешниҳод шавад. Вай гуфт, ки дари архивҳоро бояд боз намуд ва имкон дод, ки ҳақиқати ҳол гуфта шавад. Бӯрӣ Каримов зикр кард, ки агар ҳақиқати таърих гуфта нашавад, ғайримунсифона тасвир шудани ин таърих бисёриҳоро барои насли оянда бадном мекунад.
Вай дар иртибот ба рушди Тоҷикистон аз ҷумла рушди иқтисодии он чанд пешниҳодро матраҳ кард. Аз ҷумла ба қавли ӯ, барои рушди кишвар низоми до додгоҳӣ бояд озод бошад, қонунгузории мустақил буда интихоботи озод баргузор ва озоди сухан ҳамаҷониба риоя карда шавад. Мушкили рушди Тоҷикистонро дар сиёсати ғайришоистасолорӣ, маҳдуд будани фаъолияти аҳли қалам ва вуҷуди ришва дар мақомоти ҳукумати кишвар арзёбӣ кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад