Ду шаҳрванди Амрико, ки дар Либерия ба вабои Эбола мубтало шуда ва ба ИМА интиқол ёфта буданд, рӯзи 22 август бемористоне дар аёлати Ҷорҷияро тарк намуданд. Табибон гуфтанд, ки онҳо пурра аз бемории марговар шифо ёфтаанд ва хатари ба дигарон гузаштани вируси вабо комилан рафъ шудааст.
Ҳамшираи шафқат Нэнси Райтбол ва духтур Кевин Брэнтли дар ҳоле дар Либерия ба маризии Эбола мубтало шуданд, ки дар ҳайати кормандони як созмони хайрия ба гирифтори ин вабо кӯмак мекарданд. Онҳо тавассути ҳавопаймои махсус ба Амрико оварда ва дар бемористони донишгоҳи тиббии аёлати Атланта ба табобати оҷил фаро гирифта шуданд.
Мутахассион ҳангоми табобати Райтбол ва Брэнтли аз доруи таҷрибавии Zmapp истифода бурданд. Баъдан маризони амрикоӣ барои идомаи табобат ба бемористони Ҷорҷия оварда шуданд.
Ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, то имрӯз тақрибан 2,5 ҳазор сокинони кишварҳои воқеъ дар ғарби Африқо бар вабои Эбола мубтало шудаанд. Дасти кам ҳазору сесад нафар аз ин маризӣ ҷон бохтанд.