Масъулони ҳафтаномаи "Пайк" амали Хадмоти оташнишонӣ дар мавриди ҷарима бастани ин нашрияро «дахолат ба фаъолияти касбии журналист ва таъқиб барои танқид» медонанд. Хадамоти оташнишонии Кӯлоб ҳафтаномаро барои риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор 600 сомонӣ ҷарима кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Аҳмади Иброҳим, сардабири ин ҳафтанома мегӯяд, санҷиши Хадамоти оташнишонӣ дар утоқҳои кории ҳафтанома пас аз он оғоз шуд, ки дар «Пайк» ду мақолаи интиқодӣ дар бораи кори ин ниҳод нашр шуд. «Муаммоҳои сӯхтори бозори Кӯлоб», «Хадамоти оташнишонӣ заифона кор мекунад» ва «Сӯхторро бо сател хомӯш карданд», аз ҷумлаи мақолаҳое будаанд, ки ба гуфтаи сардабири «Пайк», хашми ин Хадамотро барангехтааст.
-Оташсӯзӣ дар бозори Кӯлоб нишон дод, ки ин Хадамот ҳеҷ кореро наметавонад анҷом диҳад. Агар мошинҳои ин Хадамот сари вақт мерасиданд, миллионҳо сомонии сокинон наҷот меёфт. Кори ин Хадамот ба хулосадиҳӣ, ки «сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо буд», маҳдуд шудааст. Ба ҷуз, ҳамин хулоса дигар ин Хадамот ҳеҷ коре намекунад. Ин вазъ моро водор кард, то бо далелҳое, ки дар даст доштем, мақола нашр кунем. Онҳо дар навиштаҳои мо дигар ҷавобе надоштанд ва танҳо бо ин роҳ хостанд, моро ҷазо диҳанд,-гуфт, Аҳмади Иброҳим.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардабири «Пайк», Хадамоти оташнишонӣ дар утоқҳои кории онҳо ҳеҷ камбудии ҷиддие наёфтанд ва танҳо бо ин баҳона, ки коғазҳо наздик ба макони барқваслкунак гузошта шудааст, санад тартиб додаанд. Аммо намояндагони Хадамоти оташнишонӣ дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфтанд, онҳо ҳеҷ ғаразе ба ҳафтаномаи «Пайк» надоранд ва танҳо зимни чорабинии санҷишӣ дар қатори даҳҳо корхона ҳолати бехатарии ҳафтаномаи мазкурро низ санҷидаанд.
Ду моҳи пеш Додситонии Хатлон низ муваққатан бинобар гузаштани мӯҳлати дубораи сабти ном фаъолияти «Пайк»-ро қатъ карда буданд.Ҳафтаномаи «Пайк» як сол боз дар вилояти Хатлон нашр мешавад ва бештар матолиби таҳлилӣ-интиқодӣ нашр мекунад.