Русия маҳсулоти Аврупову Амрикоро "эмбарго" кард

Русия эълом дошт, ки ба эмбаргои бахши аъзами воридоти маводи озуқа аз ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Австралия, Канада ва Норвегия шурӯъ мекунад.

Аз ин баъд, бар пояи тасмими ахири Маскав, вуруди гӯшти гову хук, мурғ, моҳӣ, меваю сабзавот, ширу панир ва дигар тавлидоти ширӣ аз ин кишватҳо қатъ мешавад. Маскав иқрор мекунад, ки манъи вуруди ин маҳсулот ба Русия – посух ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар вокуниш ба пугтибонии Маскав аз ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина ва замима кардани нимҷазираи Қрим аст.

Дар бораи вокуниши Маскав ба таҳримҳои Ғарб нахуствазир Дмитрий Медведев рӯзи 7 август дар ҷаласаи ҳукумати Русия хабар дод. Дар ин ҷаласа, ки пораҳо аз он аз тариқи шабакаҳои телевизионии Русия пахш шуданд, нахуствазир гуфт, тасмим дар ин бора бо дастури раисиҷумҳур

Владимир Путин гирифта шудааст. Дмитрий Медведев афзуд, ки "кор гирифтан аз таҳрим он қадар хуб нест ва барои мо ин гуна тасмим гирифтан ҳам осон набуд, вале мо бояд ин корро анҷом медодем”.

Эмбаргои маводи озуқаи кишварҳои ғарбӣ билофосила шурӯъ мешавад ва қарор аст, ки як сол идома кунад. Дмитрий Медведев гуфт, ки “агар шарикони мо аз бархӯрди созанда кор бигиранд, он вақт ҳукумати Русия шояд шартҳои таҳримҳояшро бознигарӣ кунад”.

Як рӯз аз ин пеш ИМА изҳор намуд, ки ҳама гуна вокуниши Маскав ба таҳримҳои Ғарб инзивои Русия аз ҷомеъаи байнулмилалиро амиқтар хоҳад кард. Лаура Лукас Магнузон, намояндаи Кохи Сафед, гуфт, интиқоми Маскав аз ширкатҳову кишварҳои ғарбӣ дар посух ба таҳримҳои Вошингтон ва Иттиҳодияи Аврупо фақат ба зарари иқтисоди Русия анҷом хоҳад шуд. Ӯ аз як изҳороти пешини Бонки Марказии Русия ёдвар шуд, ки бар пояи он манъи воридоти маҳсулоти озуқа таваррумро дар Русия афзоиш хоҳад дод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русия моҳӣ, гӯшт, шир ва мева аз Амрико ва Аврупоро манъ кард

7 август вазири умури хориҷии Шветсия Карл Билдт дар Твиттер навишт, “Президент Путин мехоҳад, ки истеъмолкунандагон дар Русия озуқаи гаронтар ва бо сифати пасттарро бихаранд. Идеяи олиҷаноб...??”

Аммо Дмитрий Медведев мутмаин аст, ки манъи воридоти маҳсулоти озуқа аз хориҷи кишвар таконе барои рушди кишоварзӣ дар Русия хоҳад шуд. Русия ҳамасола аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба маблағи 2 миллиард евро меваю сабзавот ва аз ИМА ба маблағи тақрибан 1,4 миллиард доллар маводи озуқаву тавлидоти кишоварзӣ ворид мекунад.

Нахуствазири Русия дар ҷаласаи ҳукумат ҳамунин гуфт, ки Русия ба таври ҷиддӣ мавзӯи манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ғарбӣ аз ҳарими Русия ва зимни парвози онҳо ба кишварҳои Осиёро

Бар асари таҳримҳо фаъолияти "Добролет" мутафаққиф шуд

баррасӣ мекунад. Ин тасмими Маскав хароҷот ва тӯли парвози ҳавопаймоҳоро бештар хоҳад кард. Дмитрий Медведев афзуд, ки дар ин бора ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, аммо Маскав парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Украинаро аз ҳарими ҳавоии Русия манъ кардааст. Чанде қабл ширкати хурди ҳавопаймоии “Добролет” бар асари таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо фаъолияташро мутаваққиф намуд.

Ба гуфтаи Медведев, Русия метавонад оид ба воридоти ҳавопаймоҳо, киштиҳои ҳарбӣ ва мошинҳои тавлиди кишварҳои ғарбӣ маҳдудият ҷорӣ кунад.

Рӯзи 5 август Владимир Путин ба ҳукумат ҳушдор дод, ки чораҳои ҷавобӣ ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ба истеъмолкунандагон дар Русия осеб нарасонанд. Аз ин пеш Маскав воридоти баъзе аз маҳсулоти кишоварзӣ аз Украина, Молдова ва чанд кишвари Итиҳодияи Аврупо, аз ҷумла, Лаҳистонро манъ кард.

Эмбаргои маводи озуқа ва маҳсулоти кишварзӣ – посухи Маскав ба таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи гузашта аст, ки бори аввал бахшҳои гуногуни иқтисоди Русияро ҳадаф гирифтанд. Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ки дар вокуниш ба пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина ва замима шудани нимҷазираи Қрим ба Русия эълон шудаанд, дастрасии бонкҳои таҳти назари давлати Русияро ба бозори сармояи Аврупо мебанданд. Ҳамзамон фурӯши саҳҳом ва қоғазҳои қимматбаҳои Русия дар бозорҳои бурси Аврупо манъ мешавад. Ба рӯйхати таҳримҳо бузургтарин муассисаҳои молиявии Русия - “Сбербанк” ва ВТБ шомил шудаанд. Дар баробари ин, бар пояи таҳримҳо, аз вуруди фанновариҳои қобили истифодаи дугона ва дастгоҳҳои технологӣ барои соҳаи нафту гази Русия, ки ин кишвар ба дарёфти онҳо ниёз дорад, ҷилавгирӣ мешавад.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия 30 июл таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро “бемаънӣ ва иқдоми ғайримасъулона” арзёбӣ кард ва гуфт, ин таҳримҳо ногузир ба боло рафтани нархи маводи сӯхт дар Аврупо сабаб хоҳад шуд.