Рӯҳонии гирифтори эболаро ба Мадрид оварданд

Як шаҳрванди Испанияро, ки дар Либерия ба бемории эбола гирифтор шуд ба ватанаш баргардонданд. Мигел Пахарес, кашиши испаниро, ки дар бемористоне дар Либерия кор мекард, бо як ҳавопаймои ҷангӣ рӯзи 7-уми август ба Мадрид оварданд. Аввали ҳамин моҳ Иёлоти Муттаҳида низ ду шаҳрванди беморашро аз Либерия ба шаҳри Атланта баргардонд ва ба онҳо доруеро доданд, ки аз ин пеш дар инсонҳо таҷриба нашудааст. Аммо ба гуфтаи табибон, ин доруи ихтироъшуда дар Амрико вазъи онҳоро беҳтар кардааст. Бемории кушандаи эбола, ки дар Либерия хуруҷ кард ва ба Сйерра Леоне, Гвинея ва Нигерия паҳн шуд, то кунун 1000 нафарро куштааст.