Чин: Ришдарозону ҳиҷобпӯшон ҳаққи вуруд ба автобусро надоранд

Мақомоти Чин шурӯъ аз рӯзи 6 август ба мардони ришдароз ва занони ҳиҷобпӯши шаҳри Карамаи минтақаи мухтори Шинҷону Уйғур савор шудан ба автобусҳоро манъ карданд.

Дар минтақаи Шинҷону Уйғур асосан уйғурҳо ба сар мебаранд, ки мусалмонҳои суннимазҳабанд. Солҳои ахир миёни уйғурҳо равандҳои ҷудоихоҳӣ густариш ёфтааст ва аъзои гурӯҳҳои исломӣ ҳарчӣ бештар ба хансҳо, чиноиҳое, ки аксари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҳамла мекунанд. Бештари хансҳо ба Шинҷон барои кор дар конҳои нафт меоянд.

Ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаи ҷудоихоҳон ба қароргоҳи полис ва биноҳои маъмурии яке аз шаҳрҳои минтақа тақрибан сад нафар кушта шуданд.