Даргирии артиши Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғ

Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ки субҳи 2 август дар минтақаи ҷудоихоҳи Қарбоғи Кӯҳӣ 4 нафар низомиёнаш кушта шудаанд.

Ба гуфтаи вазорати дифои Озарбойҷон, чаҳор сарбози ин кишвар дар даргирӣ бо як “гурӯҳи харобкори арманӣ” дар ҷараёни амалиёте дар маҳале бо номи Агдам-Тетер ба қатл расидаанд. Дар эъломия гуфта мешавад, ки нерӯҳои ҷониби Озарбойҷон ин ҳамларо баргардонидаанд. Як мақоми вазорати дифои Озарбойҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии онҳо машғули анҷоми машқҳои низомӣ ҳастанд, то марзҳои сарзамини худро дифоъ кунанд. Ба суоле дар бораи ҳаракати нерӯҳои низомӣ ба сӯи марзҳои Арманистон ин мақоми расмӣ гуфт, ки “барои дифоъ аз марзу бум ва тамомияти арзии кишвар низомиён нерӯҳо ва техникаи низомиро дар чаҳорчӯбаи қонун метавонанд сафарбар кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, вазорати худхонди дифои Қарабоғи Кӯҳӣ гуфт, ки нерӯҳои онҳо рӯзи 2 август дастикам 9 нафар низомиёни Озарбойҷонро ба қатл расондаанд ва ҳангоми баргардонидани ҳамлаи воҳидҳои вижаи Озарбойҷон як низомии худро низ талаф додааст. Бино ба хабари вазорати дифои Қарабоғи Кӯҳӣ, нерӯҳои Озарбойҷон дар чанд самт ҳамла кардаанд, вале ин ҳамлаҳоро ҷониби Қарабоғ бидуни талафоти ҷонӣ баргардонидааст.

Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Арманистон рӯзи 2 август бори дигар ҷониби Озарбойҷонро дар талоши ноором кардани вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ муттаҳам кард. Дар эъломияе гуфта мешавад, ки “рӯзҳои охир нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон талош доранд, ки дар мавозеи нерӯҳои арманӣ амалиёти харобкорона анҷом диҳанд. Ба мавозеи нерӯҳои Қарабоғ аз тӯпхона, мушакандозу хумпораандоз ва тӯпҳои зидди дифои ҳавоӣ ва аслиҳаи вазнин оташ мекушоянд”.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар гузориши худ аз вилояти шимолӣ-шарқии Арманистон мегӯяд, ки 2 август дар марзи миёни ду кишвар вазъ ҳамчунон муташанниҷ боқӣ монда буд. Ин хабарнигор гуфтааст, ки ба мавозеи нерӯҳои Арманистон мунтазам тирандозӣ сурат мегирад. Ба вижа садои тирандозии шадид дар наздикии рустои марзии Беркабер шунида шудааст.

Рӯҳои охир дар марзҳои Қарабоғ зуд-зуд нируҳои Озарбойҷону Арманистон байни худ табодули оташ мекунанд. Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ки 1 август нируҳои Арманистон ба мавозеи нерӯҳои Озарбойҷон ҳамла бурдаанд ва дар давоми се рӯзи охир 8 нафар низомиёни озариро ба қатл расондаанд. Аммо мақомоти Арманистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки талафоти ҷониби озарӣ хеле бештар аст. Мақомоти Қарабоғи Кӯҳӣ, яъне ҷониби Арманистон эътироф кардааст, ки нируҳои Озарбойҷон 2 низомии онҳоро дар ҳамлае куштаанд.

Аз солҳо ба ин сӯ Озарбойҷон ва Арманистон барои минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд. Дар ин минтақаи ҷудоихоҳ аслан арманиҳо ба сар мебаранд ва ин минтақа баъд аз ҷанги солҳои 1988-94 аз Озарбойҷон ҷудо шуд ва худро мустақил эълон кард. Иддао мешавад, ки дар ин ҷангҳо 30 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор нафар аз маҳаллоти зисти худ ба ҷойҳои дигар кӯч бастаанд.

Байни ин ду кишвар бо миёнҷигарии маҳофили байналмиллалӣ ва бо

Марие Ҳарф

ҷалби Гурӯҳи Мински Созмони амнияту Ҳамкории Аврупо гаҳ-гоҳе музокира анҷом мегирад, вале ин музокирот натиҷа надодааст ва қатъномаи қабулшуда иҷро намешавад. Сарпарстии Гурӯҳи Минскро Фаронсаву Русия ва Амрико бар уҳда доранд.

Рӯзи 1 август Амрико аз Озарбойҷону Арманистон хост, ки “барои коҳиши шиддати вазъ ва риояти оташбас даст ба тадбирҳои фаврӣ зананд”. Марие Ҳарф, муовини сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар эъломияе гуфт, ки Вашингтон аз раҳбарони Озарбойҷону Арманистон хостааст, ки дар нухустин имкон музокиротро барои ҳали масъалаҳои калидӣ аз сар бигиранд. Ҳарф гуфт, Амрико ӯҳдадор мешавад, ки дар талошҳои Гурӯҳи Минск ширкат мекунад ва омода аст, ки дар ҳалли дарозмуддати ин моҷаро кӯмак кунад.