Талоше барои раҳоӣ аз "муллоҳои ҷодугар"

Тасмим аст, дар Тоҷикистон муллоҳое, ки тариқи ояҳои Қуръон сокинонро табобат мекунанд, барои ин кор иҷозатномаи расмӣ бигиранд.

Кумитаи дин ва танзими расму оинҳо дар саросари Тоҷикистон муллоҳоеро, ки ба дуохонӣ ва додани тумор машғул ҳастанд, сабти ном мекунад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, сари ин мавзӯъ машварат аст ва тасмим доранд, фаъолияти ин гуна муллоҳо танзим шавад то ҳар нафари фиребгару маккор ба ин кор даст назанад. Ӯ мегӯяд, қабл аз оне, ки ба ин афрод иҷозатнома дода шавад, бо онҳо сӯҳбат мешавад, ки воқеан, аз ислом хуб огаҳӣ доранд ва ё на. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Абдулқодирзода, ислом табобат беморон тариқи ояҳои Қуръонро қабул дорад:

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо Тоҷикистон.

«Ҳоло барои дуохонӣ ва руқияи шаръӣ, ки тибқи ояҳои Қуръон бо амри Худованд, ба беморон шифо мебахшад, бо Кумитаи дин машварат аст, ки бояд киҳо ин корро анҷом бидиҳанд. Мо бар ин назарем, ки ба бархе аз шахсиятҳои шинохта иҷозатнома дода шавад, то дар ҷойҳои расмӣ, дар ҳузури сокинон беморонро дуо хонанд. Паёмбар (с) мегӯяд, агар зани номаҳраме бо марди номаҳраме танҳо нишаст, савум нафаре, ки бо онҳо ҳамроҳ мешавад, шайтон аст. Шайтон васваса мекунад ва нокому бадбахт мекунад. Шарт ин аст, ки дар ҳузури инсонҳо ва шахси бодину бомаърифату Худотарс дуохонӣ кунад. Ин масъала дар ҳоли баррасӣ ҳаст, ва иншоаллоҳ рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.»

Ҳоло кумитаи дин ва Шӯрои уламо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаанд ва то кунун ба як хулосаи дақиқ наомадаанд. Ин масъала дар ҳоле матраҳ мешавад, ки давоми ду соли ахир наворҳои зиёде аз бадахлоқии чунин афроди бо ном «мулло» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ нашр мешавад. Бо пахши ин наворҳо мақомот афроди боздоштшударо мулло номида, онҳоро дар таҷовуз ва бадахлоқӣ ба нафароне, ки барои дуохонӣ наздашон омадаанд, гунаҳкор медонанд.

Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи дин.

Афшин Муқимов, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими расму оинҳо мегӯяд, бо дарназардошти ин амалҳо тасмим шудааст, то фаъолияти муллоҳои ҷинбарор, чилёсинхон ба танзим даровард ашавад. Аммо ба гуфтаи Муқимов, ҳоло ба ҷуз оғози рӯйхати ин гуна муллоҳо, дигар ба хулосаи муайяне нарасидаанд: «Ҳоло қатъӣ ба як тасмим нарасидаем. Аммо ҳадафи ниҳоӣ ин аст, ки як роҳе пайдо кардан даркор то фаъолияти онҳо ба танзим дароварда шавад. Шояд тариқи Вазорати тандурустӣ ҳамчун табиби мардумӣ ва ё ягон ниҳоди дигаре ба онҳо литсензия дода шавад. Ба ҳар ҳол сари ин масъала баҳсу баррасӣ аст ва шояд ба наздикӣ ба як хулосаеи дақиқ расем.»

Тасмим ба танзим даровардани фаъолияти муллоҳои дуохон дар ҳолест, ки 8 соли пеш Вазорати тандурустӣ барои фаъолияти табибони мардумӣ иҷозатнома ҷорӣ карда буд. Ғаффор Миралиев, намояндаи Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ба онҳое иҷозатнома дода мешавад, ки танҳо тариқи рустаниҳои шифобахш беморонро табобат мекунанд. Қабл аз ироаи иҷозатнома ба табибони халқӣ онҳо ба давраҳои кӯтоҳи омӯзишӣ ҷалб мешаванд. Аммо Миралиев мегӯяд, маълум шуд, бархе аз онҳое, ки сертификатро ҳамчун табиби мардумӣ ба даст овардаанд, ба дуохонӣ машғуланд, ки ин хилофи қонун аст: «Мо дар ин маврид чораҷӯӣ дорем барои ҷилавгирӣ аз кори ғайриқонунии онҳо. 10 нафари онҳоро барои кори ғайриқонунӣ ба додгоҳ пешниҳод кардем.»

Онҳое, ки ҳамчун табиби халқӣ фаъолият мекунанд, соҳибкор шинохта шуда, барои дарёфти иҷозатнома соле бештар аз 300 сомонӣ андоз месупоранд. Аз ин рӯ, аксари коршиносон мегӯянд, ҷорӣ кардани иҷозатнома барои муллоҳо аз ҳама лиҳоз ғайримантиқӣ аст. Мулло Сафармад Гулов, сокини вилояти Хатлон, ки худро муллои дамгар муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ӯ тариқи ояҳои Қуръон онҳоеро, ки дар баданашон захм ва ё бод дорад, дуо мехонад. Ӯ мегӯяд, аз ҳеҷ корафтодае пул талаб намекунад ва ҳар кас ба қадри тавон ба ӯ пул медиҳад: «Агар пул талаб кунем, ин фурӯхтани ояҳои Қуръон мешавад, ки ҳаром аст. Ин касби падарӣ ҳаст ва мо аслан аз ин ҳисоб зиндагӣ намекунем. Агар иҷозатномаву ҳамчун соҳибкор моро сабт кунанд, маҷбурем, дигар ин корро накунем.»

Аксари сокинони Тоҷикистон ба шифо ёфтани бемор тариқи дуохонӣ сахт эътиқод доранд. Аз ин рӯ, дар бархе маҳаллаҳо корафтодагон дар назди муллоҳо бештар аз пизишкон ҳаст. Аммо тасмим ба танзим даровардани фаъолияти муллоҳо дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ дар ду соли ахир бештар аз 100 мулло бо иттиҳоми гуногун боздошт ва ҳабс шудаанд. Моҷарои мавсум ба "Муллои ҷодугар" сарусадоҳоро дар бораи суистифода аз дуохонӣ ба маротиб бештар намуд.