Ҳукми ҳабси абади ду озарӣ барои ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Додгоҳи Боку ду шаҳрванди Озарбойҷонро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон ба ҳабси абад маҳкум кард. Ба иттилои хабаргузориҳо, Ҳофиз Валиев ва Оғомир Оғомиров рӯзи 1 август расман дар хиёнат ба давлат маҳкум ва билофосила ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Муфаттишон мегӯянд, ки онҳо айби ин ду нафар ва ҳамкорияшон бо намояндагони хадамоти ҷосусии Эронро собит кардаанд. Ҷузъиёти бештар дар ин бора нашр нашудааст, зеро мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Шурӯъ аз соли 2012 чандин озарӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон маҳкум ба зиндон шуданд. Таниш дар робитаҳои миёни Терону Боку баъд аз он афзоиш ёфт, ки ду сол пеш мақомоти Озарбойҷон чандин нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Эрон ва омодагиҳо барои ҳамлаҳо дар Озарбойҷон равонаи маҳбас карданд.