Додгоҳи олии Итолиё гуфт, ки ихроҷи ҳамсару духтари Мухтор Аблиёзов, як дигарандеши сарватманди қазоқ аз он кишвар “амали намоишкоронаи ғайриқонунӣ” буд. Олма Шалабоева ва духтараш Алуаро моҳи майи соли 2013 дар Итолиё дастгир карда ва маҷбуран ба Қазоқистон баргардонданд. Ин амалкарди мақомоти интизомӣ ғавғову ҳаёҳуеро дар Итолиё барангехт. Баъд аз ин ҳукумати Қазоқистон бо дархости Итолиё иҷоза дод, духтару ҳамсари Аблиёзов ба Итолиё баргарданд. Ба ҳардуи онҳо ҳоло ҳаққи паноҳандагӣ додаанд. Мухтор Аблиёзов бо дархости Украина ва Русия бо иттиҳоми тақаллуби молӣ дар Фаронса дастгир шудааст.